Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Забоншиносии тоҷик таърихи хеле қадим дорад. Таълиму тарғиби Авесто ва дигар осори қадим бидуни асарҳои тасрифию тафсирӣ мумкин набуд. Забоншиносони тоҷик аз комёбиҳои забоншиносии Ҳиндустон ва Юнони Қадим хабар доштанд, вагарна дар забоншиносии араб он қадар саҳми калон намегузоштанд (таълифоти забоншиносии Сибавейҳ, Ахфати Акбар ва диг.). аз асри Х сар карда дар шароити дузабонӣ ва сезабонӣ забоншиносони тоҷику форс бештар ба фарҳангу луғатсозӣ машғул шудаанд. Дар ин давра як силсила луғатҳои арабӣ-тоҷикӣ, тоҷикӣ-туркӣ, луғатҳои тафсирӣ ва тафсирии соҳавӣ ба вуҷуд омаданд. Дар муқаддимаи чанде аз луғатҳо («Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Бурҳони қотеъ» ва диг.) баъзе масъалаҳои грамматикӣ шарҳ ёфтаанд. Аз ҷумла пешгуфтори «Фарҳанги Рашидӣ» ҳамчун очерки грамматикии забони тоҷикӣ соли 1846 ба забони лотинӣ тарҷума шудааст. Забоншиносии тоҷик ҳамчун илм ба маънии ҳозирааш баъд аз Инқилоби Октябр ба вуҷуд омад. Фонетика (И.Н.Зарубин, Л.Бузургзода, В.С.Расторгуева, М.Файзов, Т.Хаскашев) морфология ва синтаксис (С.Ализода, М.Исматуллоев, Б.Ниёзмуҳаммадов, Ш.Ниёзӣ, Д.Тоҷиев, Ш.Рустамов, М.Қосимова ва диг.), услубиёти забони тоҷикӣ (Н.Маъсумӣ, Р.Ғаффоров, Х.Ҳусейнов, Б.Камолиддинов ва диг.), лексикология (М.Муҳаммадиев, Ҳ.Маҷидов ва диг.) тадқиқ карда шуданд. Доир ба таърихи забони тоҷикӣ, лаҳҷа ва шеваҳои он асарҳои зиёде ба вуҷуд омаданд (асарҳои А.А.Фрейман, М.Н.Боголюбов, В.А.Лившитс, И.М.Оранский, В.С.
Расторгуева, А.З.Розенфелд, А.Каримова, А.А.Семёнов, М.С.Андреев, А.Л.Хромов, Б.Сиёев, М.Эшниёзов ва диг.). Помиршиносӣ ва топонимика ҳамчун як соҳаи нави забоншиносии тоҷик ба вуҷуд омада инкишоф ёфт.
Забоншиносии умумӣ ҳамчун як қисми таркибии лингвистика сохтори забон, низоми забон, равияю ҷараёнҳо ва мактабҳои забоншиносӣ, умумият ва тафовути забонҳо, сатҳҳои сохтори забон:
фонология, грамматика, калимасозӣ, лексика, типологияи лингвистӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё