Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

проблемаҳои универсалии забон, яъне умумиятҳои забонҳои оламро меомўзад.
Забоншиносӣ, илм дар бораи забони инсон буда, қонунҳои пайдоишу мавҷудият ва инкишофи таърихии онро меомўзад.
Забоншиносии умумӣ умдатарин қонуниятҳои инкишоф, ташаккул ва мавҷудияти забонҳоро таҳқиқ мекунад. забоншиносии хусусӣ бошад – забонҳои алоҳида ё гурўҳи забонҳоро мавриди омўзиш қарор медиҳад. З.
аз рўи усули тадқиқ ба муқоисавию таърихӣ, типологӣ, структурӣ, забоншиносии математикӣ, забоншиносии психологӣ тақсим мешавад. Ба таърихию тасвирӣ ҷудо кардани З. вобаста аст ба маводе, ки таҳқиқ карда мешавад. Усулбшиносӣ, сотсиолингвистика, таърихи забони адабӣ низ аз соҳаҳои мустақили забоншиносии имрўзаанд. Забоншиносӣ соҳаҳоеро низ дарбар мегирад, ки ҷиҳат ва қабатҳои гуногуни забонро таҳқиқ мекунад: фонетика ва фонология – восита ва системаи ҷиҳати овозии забонро, грамматика (морфология ва синтаксис сохти калимаю ҷумларо, лексикология ва лексикография – таркиби луғавии забонро, фразеология
– ибораю ифодаҳои рехтаро, этимология (решашиносӣ) – баромад ва инкишофи таърихии калимаҳоро, ономастика (антропонимика ва топонимика) – исмҳои хосро, палеография таърихи хатро таҳқиқ мекунад.
З. бо семиотика – илм дар бораи системаи аломатҳо, ки забон ҳам ба он шомил аст, инчунин бо адабиётшиносӣ, равоншиносӣ, таърих, мантиқ, фалсафа, география алоқаманд буда, дастовардҳою комёбиҳои математика, кибернетика, физика ва соҳаҳои дигари илм баҳра мегирад.
З. дар Шарқи Қадим, баъди ба вуҷуд омадани хат пайдо шудааст. Барои таълими хат ва забони хаттӣ (хусусан ба забони матруки шумерӣ) дар Байнаннаҳрайни Қадим ва баъдтар дар дигар кишварҳои Осиёи Пеш (дар ҳазорсолаи 2-юми то м.) рўйхати рамзҳои ҳиҷоӣ, шаклҳои грамматикӣ ва луғатҳо тартиб медоданд, вале он вақт назарияи забон ба вуҷуд наомада буд. З. дар Ҳиндустони қадим ба дараҷаи фавқулода баланди инкишоф расида буд. Грамматикае, ки Панини (тақр. а. V то м.) тартиб додаст, тасвири пурра ва хеле мўҷази забон буд. Дар Юнони Қадим ва Рим З.

пешина
аз 389
навбатӣ