Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

аз назари дастур (грамматика), вожагон (вожашиносӣ), талаффуз ва ғайра аст.
Забоншиносии пайкаравӣ. Рўйкардест дар заминаи баррасии сохтор ва корбурди забон аз тариқи таҷзия ва таҳлили пойгоҳҳои додаҳо, ки намунаҳои забони воқеиро дар компутар захира менамоянд. Баъзе масоили забоншиносии пайкаравӣ иборатанд аз: маъноҳои вожаҳо, тавзеъ ва амалкарди صور ва табақоти дастурӣ ва баррасии тадоиҳои дастурии вожагонӣ, яъне тадоӣ ё ҳамроҳи вожаҳои хос бо сохторҳои дастурии хос, мутолиаи вижагиҳои калом, тағйирот, гунаҳои корбурдӣ, ва ба ҳангоме ки пайкараҳои ёдгирандагон дар дастрас бошанд масоили фарогирӣ ва тавсиаи забон.
Забоншиносии тасвирӣ. Як қисм ва навъи забоншиносист, ки ҳолати мавҷудаи забонро аз дидгоҳи ҳамзамонӣ (синхронӣ) меомўзад.
Забоншиносии татбиқӣ. Яке аз шохаҳои забоншиносӣ, ки ду ё чанд забонро ба манзури муқоисаи сохторҳои онҳо барои нишон додани шабоҳатҳо ё тафовутҳои онҳо мутолиа менамояд. Забоншиносии татбиқӣ дар мутолиаи анвои забонҳо ва дар забоншиносии таърихӣ-татбиқӣ низ корбурд дорад. Баъзе забоншиносон корбурде аз ёфтаҳои забоншиносии татбиқӣ таъини тафовутҳои байни забони модарии ёдгиранда ва забони ҳадаф дар ҳавзаҳои наҳв, вожагон ва низоми савтӣ истифода менамоянд.
Забоншиносии таърихии татбиқӣ. Аз шохаҳои забоншиносӣ, ки тағйири забон ва робитаҳои забонҳоро мутолиа мекунад. муқоисаи суратҳои (шаклҳои) қадим ва ҷадиди як забон ва муқоисаи забонҳо бо якдигар ин имконро ба вуҷуд овардааст, ки нишондиҳандаи баъзе забонҳо бо ҳам хешованданд, мисли забонҳои ҳиндуаврупоӣ низ ин имкон ба вуҷуд омадааст, ки суратҳоеро бозсозӣ (реконструксия) кунанд, ки тасаввур меравад пеш аз пайдоиши мадорики мактуб (хат) вуҷуд доштаанд. Ба унвони мисол мегўянд савти P (п) дар як забон, ки ниёи муштараки ҳамаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ будааст, бо сурати /Р/ дар забони санскрит масалан дар калимаи «pita» ба маънии падар ва сурати /f/ дар инглисӣ, масалан дар калимаи father мебошад.

пешина
аз 389
навбатӣ