Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

афрод бо якдигар дар бархе мавқеиятҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ монанди ҷашнҳо, маросимҳои мазҳабӣ ва ҷаласотро мавриди мутолиа қарор додаанд ва сипас ин мутолиотро ба сохтори умумии ҷомеаи хос рабт додаанд. Бархе шохаҳои забоншиносии мардумшинохтӣ иртиботе танготанг бо ҷомеаи хос рабт додаанд. Бархе шохаҳои забоншиносии мардумшинохтӣ иртиботи танготанг бо забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика) ва қавмнигорӣ иртибот доранд (коммуникатсион).
Забоншиносии математикӣ, фанни математикӣ, ки барои тасвири сохти забонҳои табиӣ ва баъзе забонҳои сунъӣ воситаҳои шаклӣ (формалӣ) таҳия мекунад. дар солҳои 50-уми асри ХХ зарурати аниқ кардани мафҳумҳои асосии забоншиносӣ забоншиносии математикиро ба вуҷуд овард. Дар забоншиносии математикӣ бештар идея ва методу усулҳои алгебра, назарияи алгоритмҳо ва назарияи автоматҳо истифода мешавад. Дар заминаи тасвири математики забон ақидаҳои Ф. де Соссюр (1897–1913) меистад, ки ў забонро ҳамчун як механизм тасаввур мекард.
Амали ин механизм дар фаъолияти нутқи инсон зоҳир мегардад, ки натиҷаи он «матнҳои дуруст», яъне пайдарҳамии воҳидҳои нутқанд.
Омўзиши усулҳои тасвири математикии матнҳои дуруст (пеш аз ҳама ҷумлаҳо) яке аз вазифаҳои забоншиносии математикӣ мебошад ва назарияи усулҳои тасвири структураҳои (сохторҳои) синтаксисӣ ном дорад. Назарияи грамматикаҳои шаклӣ (формалӣ) проблемаи дигари забоншиносии математикист, ки бештар тавассути асарҳои Н.Хамский ба вуҷуд омада буд. Қонуниятҳо бо роҳи сохтани «грамматикаи формалӣ»
тасвир карда мешаванд. Намуди грамматикаи формалии маъмул грамматикаи тавлидкунанда ном дорад. Грамматикаи формалӣ барои тасвиру таҳқиқи забонҳои сунъӣ, хусусан забонҳои барномарезӣ истифода бурда мешавад.
Забоншиносии минтақавӣ (ареалӣ). Мутолиаи забонҳо ё гўйишҳое, ки дар як минтақаи хос ба онҳо гуфтугў мекунанд. Намунаи он мутолиаи ду забони ҳамсоя барои пай бурдан ба чигунагии нуфузи онҳо ба якдигар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё