Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Забоншиносии дарзамонӣ (диахронӣ). Рўйкарде дар забоншиносӣ, кичигунагии тағйири забон дар як давраи забониро мутолиа мекунад.
Монанди тағйир дар низоми автии забонҳои романс аз риштаи лотинӣ (ва соири забонҳо) ба забонҳои навин ва ё мутолиаи тағйироти ҳосила дар низоми савтии инглисӣ, аз инглисии қадим баинглисии бритониёии навин.
Забоншиносии дарзамонӣ бо забоншиносии ҳамзамонӣ, ки низоми забонро даряк нуқтаи замонии хос, масалан низоми савтии инглисии бритониёии навин мутолиа ва баррасӣ менамояд дар (تقابل) тақобил аст.
Зарурати ҷудо кардани тавсифҳои ҳамзамонӣ аз тавсифҳои дарзамонӣ ба тавасути Сосюра забоншинос мавриди таъйид қарор гирифт. Чунинест, ки ҳамаи рўйкардҳои таҷзия ва таҳлили забон ин тамоизро риоят мекунанд.
Забоншиносии зистӣ. Аз шохаҳои забоншиносӣ аст, ки забонро дар робита бо вижагиҳои зистшиносии инсон ба хусус вижагиҳои колбадшиносӣ ва ҷисмӣ мутолиа менамояд.
Забоншиносии корбурдӣ (амалӣ), забоншиносии корбаст: 1.
Мутолиаи ёдгорӣ ва тадриси забони дуюм ва забони хориҷӣ. 2. Мутолиаи забон ва забоншиносӣ дар иртибот бо масоили амалии назири фарҳангнависӣ (лексикография), тарҷума, осебшиносии гуфтор ва ғайра.
Забоншиносии корбурдӣ аз улуми ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ, мардумшиносӣ ва назарияи иттилоот ва забоншиносӣ низ истифода мекунад, то мудалҳои назарии забон ва корбурди забонро барои худ таҳия кунад ва сипас аз ин назария ва иттилоот дар ҳавзаҳои амалӣ, назири тарроҳии барномаҳои дарсӣ, гуфтори дармонӣ, барномарезии забон, сабкшиносӣ истифода менамояд.
Забоншиносии мардумшиносӣ (этнолингвистика). Аз шохаҳои забоншиносӣ, ки робитаи байни забон ва фарҳанг дар як ҷомеа, мисли суннатҳо, боварҳо ва сохтори кишварҳоро мавриди мутолиа қарор медиҳад. Ба унвони мисол, забоншиносони мардумшиносҳо роҳҳои баёни равобити даруни хонавода дар фарҳангҳои мухталифро мавриди мутолиа қарор додаанд: яъне истилоҳҳои хешовандиро онон чӣ гуна гуфтугўи

пешина
аз 389
навбатӣ