Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

араб ин даврон низ барои мардуми эронӣ дастовардҳои бузурги таърихӣ ва сиёсиву фарҳангиро эҳдо намуд. Аз давраи миёнаи забонҳои эронӣ забонҳои зерин бо манбаъҳои хаттии худ то ба мо омада расидаанд: 1. порсии миёна; 2.
портӣ; 3. суғдӣ; 4. хоразмӣ; 5. сакоии хутанӣ; 6. бохтарӣ; 7.аланӣ. Аз забонҳои мазкур забони порсии миёна ва забони портӣ ба гурўҳи ғарбӣ ва боқимонда ба гурўҳи шарқии эронӣ мансубанд.
Забонпарешӣ, забонпареш: Аз даст додани тавоноии корбурд ва фаҳми забон, ки маъмулан иллати он осеби мағзӣ аст. Ин гуна набуди тавоноӣ мумкин аст куллӣ бошад ё ҷузъӣ ва метавонад бар тавони забони гуфторӣ ё навишторӣ ё бар ҳарду асар бигзорад. Забонпарешӣ дорои анвои мухталиф аст: Нигоришпарешӣ (agraphia) душворе дар навиштан аст, хонданпарешӣ (abxia) душворӣ дар хондан (қироат кардан) аст.
Забонпарешӣ номҳо (anomia) душворӣ дар корбурди исмҳои хос аст ва нодастурӣ (дастурпарешӣ) (agrammatism) –душвории корбурди вожаҳои дастурии нозири ҳуруф (ҳарфҳо), изофа(-и), ҳуруфи таъриф ва ғайра аст.
Метавон забони пурсишро барои пай бурдан ба чигунагии пардозиши забон дар мағз мутолиа намуд.
Забонча шакли конусӣ (махрут) доштаи давоми коми нарм, ки дар байни коми нарм воқеъ буда, баробари ба паст ҳаракат кардани он роҳи ҷараёни ҳаво ба сўи холигии димоғ кушода мешавад ва ҳаво аз холигии димоғ берун мебарояд. Ҳамсадоҳои қ, ғ, х-и тоҷикиро ҳамсадоҳои забончагӣ мегўянд. Дар тавлиду сохта шудани ин ҳамсадоҳо забонча узви фаъол ва бехи забон узви ғайрифаъол мебошад.
Забоншиносии амалӣ. Соҳаи забоншиносист, ки масъалаҳои назарияи забониро вобаста ба имкониятҳои истифодаи онҳо дар ҳаллу фасли вазифаҳои амалии забон, аз ҷумла системаи кумпутарӣ ва тарҷумаи мошинӣ меомўзад.
Забоншиносии анъанавӣ. Равияе, ки забоншиносии структуралиро эътироф накарда, дар асоси анъанаҳои муқарраршуда барои муайян кардани сохтори забон, муносибатҳои дохилии он, алоқаи забон ва тафаккур, забон ва ҷамъият, таъсири ҷамъият ба забон тадқиқот мебарад.

пешина
аз 389
навбатӣ