Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

дар забонҳои флективӣ сермаъноянд. Як маънои грамматикӣ ба воситаи чанд анҷома низ ифода меёбад. Чанд навъи тасриф дар забонҳои флективӣ (мас., забони лотинӣ – 5, русӣ – 3 тарзи тасриф доранд) низ ба ин асос ёфтааст. Бо ин хусусиятҳояшон забонҳои флективӣ аз забонҳои агглютинативӣ фарқ доранд. Дар баъзе забонҳои флективӣ (мас., арабӣ, англисӣ) флексияи дохили воситаи ягонаи ифодаи маънои грамматикӣ бошад, дар баъзеи дигарашон (мас., русӣ) вандҳо низ ҳамроҳ мешаванд.
Қариб тамоми забонҳои ҳиндуаврупоӣ, сомию ҳомӣ забонҳои флективианд. Забонҳои эронии қадим (форсии қадим, авестоӣ) низ флективӣ буданд. Забонҳои флективӣ ба синтетикию аналитикӣ тақсим мешаванд.
Забонҳои ҷудогона. Забонҳое, ки муносибатҳои хешутабории онҳо бо забонҳои дигар то имрўз ба таври илмӣ муқаррар карда нашудаанд.
Чунин забонҳо ба ягон оила ва гурўҳи забонҳо дохил намешаванд ва ҳар кадом хусусияти мустақил дорад. Ба забонҳои ҷудогона забонҳои баскӣ, кореявӣ, японӣ ва ғ. дохил мешаванд.
Забонҳои эронии давраи миёна. Ҳуҷуми юнониён (331 п.а.м.) ба Эрон империяи Ҳахоманишинҳоро шикасти тоқатнопазир дод, ки он то андозае боиси таназзул ёфтани анъанаву фарҳанги бостонии эрониён гардид.
Ҳукмфармоии юнониён дар муддати муайян ба ташаккули арзишҳои навини фарҳангиву иҷтимоӣ мегардад. Ин ҳукмфармоӣ чандон тўлонӣ набуд ва баробари суст гардидани таъсири ҳукуматдории юнониён тоифаҳои эронӣ батадриҷ аз тасарруфи онҳо озод мешуданд. Дар ин миён истеъмоли забонҳои гуногуни эронӣ аз нав авҷ мегирад. Дар давраҳои охири давлатдории Ҳахоманишҳо, чунон ки ба назар мерасад, забони хаттии расмии порсии қадим аз шакли лаҳҷавиаш фарқ мекард ва навиштаҳои подшоҳони охирини ҳахоманишӣ аз ин хусус шаҳодат медиҳад. Дар интиҳои парокандашавии давлати Юнону Бохтар давлатҳои нави қабоили эронӣ дар минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ рў ба ташаккул ниҳод. Дар ин миён забонҳои гуногуни эронӣ чун забонҳои давлатӣ ва расимву коргузорӣ дар қаламрави давлатҳои мардуми эронитабор маъмулу мустаъмал гардиданд. То истилои

пешина
аз 389
навбатӣ