Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

истифода мешаванд. Дар чунин забонҳо ҳиссаҳои нутқ нестанд. Ба забонҳои оморфӣ забонҳои хитоӣ (хитоии қадим), ветнамӣ ва баъзе забонҳои аҳолии бумияи Африқои Ғарбӣ шомиланд. Забонҳои оморфиро забонҳои тасрифнашаванда низ меноманд. Дар баъзе забонҳои оморфӣ барои ифодаи муносибатҳои байниҳамдигарии калима-решаҳо бар замми тартиби калима вандҳои калимасоз ё ҳиссаҳои ёридиҳанда низ истифода мешаванд.
Забонҳои синтетикӣ, гурўҳи забонҳое, ки дар онҳо муносибатҳои грамматикӣ асосан дар доираи худи калима ба воситаи пешванду пасвандҳо, флексияи дохилӣ, зада ва ғ. Мфода мегардад. Дар забонҳои синтетикӣ барои ифодаи муносибати байни калимаҳои ҷумла ба ғайр аз унсурҳои синтетикӣ, инчунин унсурҳои аналитикӣ низ истифода мешавад.
Забонҳои синтетикӣ одатан ба забонҳои аналитикӣ, ки дар онҳо маънои грамматикии бештар ба воситаи калимаҳои ёридиҳанда ифода меёбад, муқобил гузошта мешаванд. Истилоҳан забонҳои синтетикӣ дар амал нисбат ба забонхое, ки дараҷаи баланди синтез доранд (мисли забонҳои туркӣ, аксари забонҳои финну угорӣ, сомӣ, қадимаи ҳиндуаврупоӣ, муғулӣ, тунгусу манҷурӣ, баъзе забонҳои Африка (банту), Кавказ, забонҳои палеосиёӣ, ҳиндиҳои Америка, русӣ, олмонӣ, лотини ва ғ. Кор фармуда мешавад.
Забонҳои сунъӣ. Забонҳое, ки аз унсурҳои забонҳои табиӣ сохта шуда, барои таъмини муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати забони ёрирасон пешниҳод карда мешаванд. Забонҳои волюпюк, идо, интерлингва, эсперанто аз ҷумлаи забонҳои сунъианд.
Забонҳои флективӣ, забонҳое, ки дар онҳо маънои грамматикӣ бавоситаи тағйирот (флексия)-и дохилии овозҳои таркиби морфемаҳо ифода меёбад. Дар забонҳои флективӣ флексияи дохилӣ барои ба вуҷуд омадани шаклҳои гуногуни як калима, ки маъноҳои муайяни грамматикӣ доранд ва аз як реша сохтани калимаҳои нав имкон медиҳад: (мас., дар русӣ: избегать – намуди давомдор, избежать – намуди мутлақ); дар арабӣ کتب китоб, шакли танҳо, کتوب кутуб – шумури ҷамъ (китобҳо). Анҷомаҳои

пешина
аз 389
навбатӣ