Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Дар нимаи дуюми рӯзи гузашта дар наздикии қабристони Лучоб ҷасади Руҳулло Ғаффор ном шахсро ёфтаанд, ки сокини ноҳияи мо будааст.
-Ҳодисаи мазкур ба идораи мо чӣ пайвастагие дорад?
-Дар мадди аввал ҳеҷ.
-Дар асл чӣ?
-Дар асл Руҳулло Ғаффор собиқ сармуҳосиби корхонаи ҶДММ “Шаҳноз” аст.
-Яъне, ки...
-Дуруст фаҳмидед, чунки Руҳулло Ғаффор ҳамон нафарест, ки замоне тафтишот ӯро дар марги сарвари корхонаи “Шаҳноз” айбдор кардан хост, вале чун ронанда Файзи Камол гуноҳро пурра ба души хеш гирифт, вай аз ҷазо халос шуд.
-Ҳоло Файзи Камол дар куҷост?
-Шуморо, рафиқ капитан, маҳз ба ҳамин хотир даъват намудам. То ҷое, ки тайи ҳамин муддати кӯтоҳ банда иттилоъ гирифтам, ду рӯз пеш Файзи Камол ба озодӣ баромадааст.
-Гумон доред, ки ҳарду ҳодисаи дирӯза кори дасти ӯст?
-Намедонам ва барои ба чунин хулоса омадан моро далеле дар даст нест, вале ман нағз дар хотир дорам, ки Файзи Камол ҳодисаи ба сари сарвари корхонаашон омадаро пурра ба зимма гирифта буд, ин ҷо бошад...
-Пас чӣ бояд кард?
-Ба ҷуз варақгардон намудани парвандаи пешин роҳи дигареро намебинам.
...3...
Раиси суд мактуби расмиро аз дастам гирифта, дар як гӯшааш чизе навишт ва сипас онро ба дастам дода гуфт, ки ба утоқи рақами 13 равам. Муддате пас ман дар рӯ ба рӯӣ даре бо рақами 13, ки дар он “Бойгонӣ” навишта шуда буд, қарор гирифтам. Лаҳзае нафасамро рост намуда, сипас ба дар ангушт задам...
Мудири “Бойгонӣ” - зани миёнсоле мактубро аз дастам гирифта, баъди шиносоӣ бо он бандаро ба нишастан ҳидоят намуда, худ ба хотири иҷрои амри хаттии раиси суд, ки дар гӯшаи он омада буд, аз курсӣ бархеста гуфт:




