Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Ман ҳозир...
Тахминан баъди панҷ дақиқа ӯ парвандаеро, ки таърихи беш аз сесола дошт, оварда наздам гузошт...
...Фаъолияти ҶДММ “Шаҳноз” аслан ба хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ нигаронида шуда буд. Коргарони ҷамъияти мазкур ба тамоми минтақаҳои ҷумҳури сафар намуда, вобаста ба мавсим маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқро харидорӣ намуда, ба тамоми минтақаҳои пасо шуравӣ, хусусан минтақаҳои Шарқи Дури Федератсияи Русия интиқол медоданд. Дар баҳору тобистон ва аввали тирамоҳ маҳсулоти хешро тариқи қатора ва дар охири тирамоҳ бинобар кам шудани миқдори он тариқи мошинҳо мефиристоданд. Чунин амалҳо аҳён – аҳён рух медоданд, вале буданд ҳолатҳое, ки борро тариқи мошин фиристодан лозим меомад. Чунин борҳо аслан меваи хушк буданд ва мошинҳои ба Русия сафарнамуда аз рӯйи нишондодҳои дар парванда буда, дар бозгашт қисмҳои эҳтиётии механизмҳои хоҷагии қишлоқ меоварданд.
Дар он рӯзи охири моҳи ноябр бояд автомошини “КАМАЗ” - ронандааш Файзӣ Камол ба ноҳияҳои Панҷ ва Қумсангир сафар намуда, ҳамроҳи сармуҳосиб Руҳулло Камол маҳсулоти ситрусӣ (лимӯ) харидорӣ намуда, онро тариқи қатора бояд ба Русия мефиристоданд...
Тахминан соатҳои 0825 дақиқаи рӯзи 29 ноябр раиси корхона Қосими Зокир ҳамроҳи сармуҳосиб Руҳулло Ғаффор ба назди вай омада, дар бораи ин сафар машварат намудан хостанд. Ронанда арз намудааст, ки бо сабабҳои техникӣ ба ин сафар баромада наметавонад ва бояд мошинро ба таъмири капиталӣ супорад.
-Чун лимӯро овардед ва онро ба қатора бор намудем, мошинро ҳатман барои таъмир месупорем, - ӯро бовар кунониданӣ шуда гуфтааст сарвари корхона. Бинобар он ки сарвари корхона борҳо дасти ӯро гирифта будааст, ронанда сухани эшонро шикаста натавонистаст ва бо супориши бевоситаи раис ӯ сари чанбарак нишаста хостаст мошинро аз дарвоза берун намояд, вале барои рост намудани мошин дар самти ҳаракат ва аз дарвоза баромадан зарурияти ду - се маротиба дар саҳни ҳавлӣ ба масофаи ду - се метр пешу қафо рафтан пеш омадааст...




