Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Чун ронанда ин амалро борҳо тариқи оина иҷро намуда будааст, бе ягон андешаи зиёдатӣ аз пайи иҷрои он шудаст, чунки сармуҳосибро дар қисми рости мошин дидааст ва гумон намудааст, ки сарвари корхона низ аз паҳлуи мошини муҳаррикаш аллакай ба кор даромада дур рафтааст. Ронанда чанд сол пеш ба суоли муфаттиш, ки “чаро боварӣ ҳосил накарда мошинро ба қафо бурдед?” чунин посух додааст: - Охир вай кӯдак набуд, ки дар паси мошин истад, модоме худаш барои аз ҳавлӣ баровардани мошин супориш дод. Эшон як корхонаи бузургро роҳбарӣ мекард ва ман аз куҷо медонистам, ки вай ҷони худро дар бало монда, рост дар паси мошине, ки бе қафо рафтан имконияти аз ҳавлӣ баромадан надорад, меистад.
Ана ёбу гир, беҳуда нагуфтаанд, ки “дузди зӯр соҳиби говро бастааст” ва ронанда низ нафареро, ки ба қавли худаш борҳо дасташ гирифта, бо як амали ноҷои хеш ба ҳалокат расонида, боз ӯро чун кӯдак беақл ҳам хондааст.
-Ман аз дод гуфтани сармуҳосиб ба худ омада, пой ба тормоз бурдам ва чун аз мошин фаромадаву ба ёрии раис шитофтам, ӯро дар дами марг дидам. Ҳамоно ёрии таъҷилиро даъват намудем, вале бе натиҷа...
Дар нишондоди нафаре, ки корхона номи вайро дошт, омада буд, ки ҳодиса на аз беэҳтиётӣ, балки қасдан рух додааст ва духтари синфи 10 (ҳамон замон Шаҳнози Зокир толибаи синфи 10 –и мактаби миёна будааст) дар марги падар сармуҳосиб ва ронандаро айбдор намудан хостааст, вале на мақомоти тафтишоти ва на судяе, ки парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст, нишондоди ҷабрдидаро ба инобат нагирифтанд ва дар интиҳо ба гуноҳи хеш иқроршавии ронанда, инчунин, дар тарбияаш доштани кӯдаки хурдсолро чун ҳолати сабуккунандаи кор баррасӣ намуда, Файз Камолро ба муддати сеюним сол аз озодӣ маҳрум намуда...
-Хуш, дар ҳодисаҳои мазкур ягон пайвастагие ҳаст? - баробари пой ба остонаи дафтари кории сардор гузоштанам пурсид Ҳамид Ҷовид.




