Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Намедонам.
-Чӣ парвандаро нахондед?
-Хондам, вале дар мадди аввал ягон пайвастагиеро дар байни ин ҳодисаҳо надидам.
-Дар асл чӣ?
-Дар парванда нишондоди ҷабрдида Шаҳнози Зокир ҳаст, вале онро на дар рафти тафтишот ва на ҳангоми баррасӣ намудан дар суд ба инобат нагирифтаанд.
-Боз мегӯед, ки намедонам.
-Шаҳноз фарзанди якаву ягонаи хонадон аст, албатта, дарду ғами вайро дар ҳамон вақт эҳсос намудан лозим.
Духтари эркаи хонадон, ки ҳамон вақт дар синфи 10 - уми мактаби миёна таҳсил менамудаст, албатта, ба марги падар муросо карда натавониста, онро қасдона арзёбӣ намудаст.
-Ба андешаи шумо духтар дурӯғ гуфтааст?
-Намедонам.
-Ин беҳтар аз он аст, ки шумо нишондоди духтарро инкор мекардед.
-Вале ман дар ҳамаи ин ҳодисаҳо чӣ хеле гуфта гузаштам пайвастагиеро надида истодааам.
-“У каждого неправды, есть доля правды”.5
-Шояд чунин ҳам бошад, вале ҳеҷ боварам намеояд, ки ҳодисаҳои дирӯзаро бо он воқеаи таърихи сесоладошта пайвастагие бошад.
-Бунёди зулм оҳиста–оҳиста арзи вуҷуд намудааст, чунки худи омма ба рафти ҳодисаҳои атроф аз паси парда нигоҳ мекарданд ва шиори аксар “туро газад, маро чӣ ғам” ҳаст буд ва мемонад. Маҳз ҳамин бетарафӣ сабабгори кулли ҳодисаҳои нохушанд. Агар чунин намебуд дар як рӯз ду ҳодисае, ки ба ҳодисаи таърихи беш аз сесоладошта пайвастбуда рух намедод.
-Яъне, шумо бар он андешаед, ки...
-На танҳо ман, балки шумо ҳам чунин фикр доред, вагарна...
-Вагарна чӣ?

5 Дар ҳар дурӯғ ҳам заррае ҳақиқат аст.

пешина
аз 527
навбатӣ