Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар он сурат шумо дар бораи нишондоди Шаҳнози Зокир каломе ба забон намеовардед. Модоме дар ин бора сухан кушодед, аминам ба гуфтаҳои духтар боварӣ доред. Ду ҳодисаи рӯзи гузашта низ аз эҳтимол дур нест, ки давоми ҳамон қиссаи таърихи сесоладошта набошанд.
-Рафту ҳодисаҳои дирӯза бо амри тасодуф рух дода бошанд-чӣ?
-Дар он сурат моро лозим аст собит намоем, ки байни ин ҳодисаҳо пайвастагие нест.
-Замони дар мактаби миёна таҳсил намуданам мегуфтанд, ки математика шоҳи фанҳост.
-Чӣ ҷой шубҳа, модоме дар асл чунин аст.
-Дар математика қариб ҳама мисолу масъалаҳо роҳи ҳалли хешро доранд ва чун ҷавоби дурусти онҳо пайдо шуд, дигар касеро ба он коре нест.
-Дар юриспруденсия низ айнан чунин аст, чун гунаҳкорро дастгир намудаву гуноҳашро дайн намоянд, забони ҳама баста мешавад
-Ва на танҳо ин.
-Боз чӣ?
-Шумо худ гуфтед, ки моро лозим аст собит намоем, ки оё байни ин ду ҳодисаи рӯзи гузашта ба вуқуъомада ягон пайвастагие ҳаст ё не.
-Бузургии юриспрудентсия дар он аст, ки натанҳо дараҷаи гуноҳро, балки бегуноҳии шахси ба вартааш афтодаро низ ҷӯё мешавад. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки юриспрудентсия муодилаҳои математикиро не, балки тақдири инсонҳоро, танҳо инсонҳоро ҳаллу фасл мекунад ва ҳама гуна беэътиноӣ ба он ин баробари пушт ба сӯйи хуршеди Ховар гардонидан аст.
-Бандаро боз як ҳолат ором намегузорад.
-Гӯш мекунам.
-Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чаро дирӯз аризаи Шаҳнози Зокирро аз рӯӣ тобеъият ба прокуратура нафиристодед?
-Чунки ариза санҷиши мукаммалро талаб мекард. Мо бошем, оид ба ин ҳодиса чӣ дорем, танҳо нишондоди ду роҳгузар, ки онҳо низ бе санҷиши аниқ қимате надоранд.

пешина
аз 527
навбатӣ