Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Канӣ далелҳои шайъӣ? Чаро дар рӯзи рӯшан касе рақами мошинеро, ки тариқи он қотил фирор кард, надид. Аз ҳама муҳимаш гурӯҳи ба ҷой ҳодиса рафта ҳатто кӯшиши муайян намудани мақсади нафари ба чунин амал даст задаро накарданд. Ё шояд шумо бар он ақидаед, ки қотил аз ҳисиёти авбошӣ (бе ягон мақсаду маром) ба чунин амал даст задааст?
Ба таври дигар гӯем, ин ариза саропо як муаммост ва то мо гиреҳи онро накушоем, ба тафтишот супоридани он маъние надорад, вале банда боварӣ дорам, ки дар муҳлати муайян намудаи қонун мо аз се яке аз қарорҳои хешро хоҳем баровард.
Чун шумо аз пай омӯзиши парванда ба суд рафта будед, ман лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шарифро барои ёфтани ронанда Файзи Камол фиристодам.
-Оё ягон натиҷае ҳаст?
-Ҳаст ва боз чӣ хел.
-Аминам, ки эшонро дастгир намуда, ба милиса оварданд?
-Баръакс, эшони гуфтагиатон чунон алиби боэътимоде дорад, ки табар ҳам дар буридани он оҷиз аст.
-Чӣ хел алибӣ ва чӣ тавр ин кор ба чунин осонӣ ба вай даст додааст, шояд ӯ худаш барои бегуноҳияш...
-Ҳамагӣ як рӯз пеш аз ин ҳодиса Файзи Камолро бо хуруҷи дарди кӯррӯда ба беморхонаи клиникии рақами 5 бурда. ҷарроҳӣ намуданд ва дар ин бора юриспрудентсия дар нисбати вай дигар ягон даъво карда наметавонад.
-Назарияи аввалаи мо чун хоначаи гилини дар лаби баҳр сохташуда ба боди фано рафт гӯед?
-Ин беҳ аз он аст, ки мо дар атрофи нафари бегуноҳе хат мекашидем.
-Хат кашидан ин ҳанӯз маънои гунаҳкор кардани вайро надошт.
-Медонам, вале дар вазъияте, ки ӯ қарор дошт, собит намудани дараҷаи бегуноҳияш барояш хеле мушкилиҳоро пеш меовард.
-Акнун мо ҳам мисли ҳамон устои дартарош, дар шинонидани дари сохтаи хеш дармондаем. Инро ба ҳамон хотир гуфта истодаам, ки мо дигар аз кадом самт ба рафти ҳодисаҳо нигоҳ карданамонро намедонем.




