Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Рафту агар нафаре, ки мо вайро дар ҳодисаҳои дирӯза гумонбар медонистем, ба беморхона намеафтид, мақомоти милиса пайвастагиеро дар байни ҳарду ҷиноят ҷӯё мешуд. Сари ин масъала бошад, мо юриспрудентсияро аз ҳама кунҷҳояш бо нигоҳи ақлонӣ сӯрох намудем.
-Зиндагӣ пасту баландиҳои хешро дорад ва ҳамин як шикаст, агар онро шикаст гуфтан ҳам ҷоиз бошад, наметавонад пеши роҳи моро гирад.
-Наметавонад, чунки ҳадафи аслии мо ин боздоштани ҷинояткор ва ба маҳкама кашиданаш аст. Ба беморхона афтидани Файз Камол роҳи моро дар самти ҳуҷум боз ҳам рӯшантар кард.
-Чи хел?
-Сараввал ин ки мо риштаи пайвандкунандаи ҳодисаҳои дирӯзаро, ки дар ду минтақаи алоҳидаи шаҳр рух дода ва дар яке аз онҳо нафаре ҷон ба ҷонофарин супурдаву дигаре бо амри тасодуф ҷон ба саломат бурдааст ҷӯё намешавем, чунки ҳарду ҳодиса ҳам чун ду ҳалқаи як шаддаанд.
Дуюм, мо аниқ медонем, ки қотил ё нафаре, ки ин амалро тарҳрезӣ намудааст, тамоми гуноҳро ба души Файз Камол бор кардан мехостааст. Дигар хел шуданаш дар ҳодисаи мазкур ба гумон аст. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ба нақшагирандаи ин амал аз маҳбас озод шудани ронандаро интизор будааст ва боварии кулл доштааст, ки сояи ҳарду ҷиноят ба болои вай хоҳад афтид. Албатта, чунин ҳам мешуд, агар Файз Камол ба беморхона намеафтид. Аз ҳамин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки қотил то лаҳзаи содир намудани ҳарду ҷиноят аз ҳодисаи ба беморхона афтидани Файз Камол хабардор нашудааст. Модоме ки чунин аст, моро лозим меояд бемор Файз Камолро низ ба зери ҳимояи хеш гирем.
-Сухани шумо ҳам ҷон дорад, рафиқ капитан, вале манзуратон бод, ки баъди занги телефонии лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шариф ман боз аз ҳисоби ротаи ППС (хизмати посбонию пайроҳадорӣ) ду нафарро ба беморхона фиристодам, вале мо наметавонем, ки як умр Файз Камол ва Шаҳнози Зокирро посбонӣ намоем. Дер ё зуд, ба ин амал нуқта мегузорем ва дар он сурат боз қотил имконияти амалӣ намудани ниятҳои нопоки хешро пайдо мекунад.




