Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Вақт худ довари ҳамаи амалҳои мо хоҳад буд. Айни замон дар ин ҷода амали дурустареро ёфтан мушкил.
-Намедонам, вале ман аллакай натиҷаи қарори хешро ҳам гуфтам.
-Офаридгор бузург аст ва, албатта, ягон роҳи ҳалли ин муамморо меёбем.
-Аминам.
Сардор дар ҳамин ҷо суханашро бурид, чунки касе ба дар ангушт зад ва сарвари милиса гулӯ рӯшан намуда, нафари дар пушти дар бударо рухсат ба воридшавӣ дод. Аз он чӣ ки вай суханашро бурида гулӯ рӯшан намуд, ман ба хулосае омадам, ки Ҳамид Ҷовид омадани касеро интизорӣ дошт ва акнун, ки он лаҳзаи муносиб фаро расида буд, мехост ҳарчи тезтар ба он муколаммаи беохир нуқта гузорад, вале...
Чунин нашуд, чунки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдурашиди Шариф вориди дафтари кории сардори милиса шуд. Ба ҷуз оне ки Абдурашид маълумотномаи расмиро аз беморхонаи клиникии рақами 5 дар бораи бистарӣ шудани Файз Камол пешниҳод намуд, сардори милиса аз вай гузориши расмиро талаб кард.
Моро лозим омад, ки боз тай ним соат дар атрофи гузориши даҳони ҳамкасби хеш баҳсу мунозира намуда, аз рӯӣ ҳолатҳои дар рафти санҷиш муайяншуда нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷӯиро тартиб диҳем.
Ҳамид Ҷовид моро бовар кунонид, ки аз рафти ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омада прокурори ноҳия Асад Ғанӣ хабардор аст ва ҳарчанд дирӯз намояндаи онҳо бо сабабҳои объективӣ ба ҷой ҳодиса нарафтааст, прокуратура тайёр аст, ки ҳар замон аризаро талаб намуда, ба истеҳсолоти хеш қабул намояд. Мақсади мо дар амалӣ намудани корҳои ҷустуҷӯӣ он аст, ки ариза як маҷрои муайяни хешро гирад, то мақомоти тафтишотӣ боз аз болоямон пешниҳодоте ирсол нанамояд...
Мо ҳарду якҷоя аз бинои милиса баромада, дар асоси супоришҳои гирифтаамон аз пеши бино ба самтҳои муқобил ҳаракат намудем.




