Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абдурашид ба тарафи шарқ ва ман баръакс ба самте ҳаракат намудам, ки офтоб ба ғуруб меравад.
Ҳарчанд то кунун ман дар атрофи аризаи Шаҳнози Зокир кӯшише ба харҷ надода будам, вале ҳодисаи ба беморхона афтидани Файз Камол, аҳволи бе ин ҳам бади моро дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ боз ҳам табоҳтар намуд...
...5...
Дар рӯ ба рӯӣ бинои “Маркази ташхиси миллӣ” аз нақлиёти шаҳрӣ бурун омада, баъди убури чорроҳа аз паҳлуи маркази мазкур гузашта, ба самти дарёчаи Душанбе ҳаракат намудам. Аз рӯӣ маълумотҳои ба даст овардаам Шаҳнози Зокир дар бинои дувоздаҳошиёнаи кӯчаи “Наздисоҳилӣ,” ҳамроҳи модараш истиқомат дошт.
Баъди ҳашт–даҳ дақиқа ман ба ҳамон маҳаллаи навсохти назди соҳили дарёчаи Душанбе расидам. То ҳанӯз корҳои сохтмонӣ дар маҳаллаи мазкур идома доштанд ва на ҳамаи биноҳо аз рӯӣ қоидаи шаҳрдорӣ бо лавҳачаи номи кӯча ва рақами бино муҷаҳҳаз гардонида шуда буданд...
Дар охири кӯча дар шафати дарёчаи Душанбе таваққуф намуда, интизори омадани роҳгузарон шудам, то аз онҳо рақами бинои 8/2 – ро пурсон шавам.
Ғуриши азими аз болои сарам гузаштаистода андешаҳоямро пароканда сохт ва нигоҳамро ба самти осмон дӯхтам. Аз болои сарам тайёраи калоне, ки ранги сиёҳ дошт, гузашта ба самти фурудгоҳ рафт.
Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки он кӯҳи азим, ки замин дар зери парҳояш ба ларза омад, тайёраи боркаш буд ё мусофирбар, вале ба самти фурудгоҳ рафтани он худ як нишонаи неке дар самти муносибатҳои байналхалқии кишвари мо буд...
Аз самти бинои охирин мӯйсафеди асобадасте ба тарафи роҳи калон баромад ва ба хотири гирифтани маълумот ман ба тарафи эшон ҳаракат намуда, баъди салому алейк аз мӯйсафед имдод хостам.
-Аз ҳамон самте, ки ман омадам, чорум бино аз дасти рост, - гуфт мусоҳиби сарироҳии ман ва баҳри боздоштани мошини роҳгузаре даст бардошт.

пешина
аз 527
навбатӣ