Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Баъди ду-се дақиқа ман паҳлуи бинои дувоздаҳошиёнае, ки бо ранги сиёҳ дар як кунҷи он 8/2 навишта шуда буд, қарор гирифтам.
Нияти пой ба остонаи бино гузоштан доштам, ки садои кӯтоҳи мошинеро шунидам ва дилу бедилон таваққуф намуда, ба самти овоз нигаристам. Парешонҳолии бандаро дида нафаре аз мошини “Опел–Астра” берун омад ва аз масофаи дур ҳам бошад, ба сӯям даст афшонд...
Нафари аз мошин бурун омада сержанти милиса Ризвони Ҳаким буд, ки сарпарастии ҷабрдидаи дирӯзаро ба душ дошт.
Ба хотири таваҷҷуҳи сокинонро бедор накардан ман ҳам бо ишораи кӯтоҳе бо вай худоҳофизӣ намуда вориди бино шудам...
Аз рӯйи тарҳи сохтор дар майдонча чор ҳуҷра ҷойгир буд ва чун ҷабрдидаи дирӯза сокини ҳуҷраи рақами 22 – и бинои мазкур буд, ман ба самти лифт ҳаракат намуда, баъди худро дохили он гирифтанам тугмачаи рақами 6 –ро зер намудам...
Дарро ба рӯям зани тахминан 40 – 45 - солаи миёнқаде кушод.
-Ман аз милиса, донистан мехоҳам, ки оё Шаҳнози Зокир дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад?
-Бале .
Ин даъфа барои тасдиқи суханони хеш ман шаҳодатномаи хизматиамро кушода ба пеши чашмони мусоҳиби дар рӯ ба рӯям буда наздиктар бурдам.
-Сорбони Ҳомид...
-Бале, капитани милиса Сорбони Ҳомид ва мехостам оид ба ҳодисаи дирӯза бо чанд суоле ба Шаҳноз муроҷиат намоям.
-Марҳамат ба хона гузаред, - гӯён зан қадаме ба қафо гузошт ва баҳри пой ба остонаи хона гузоштани ман имкон дод...
Сипас соҳибхона маро то ба ҳуҷраи аввалини самти чапи дари даромадгоҳ гусел намуда, курсиеро барои нишастанам нишон дод ва худ низ дар рӯ ба рӯям ба курсии дигаре нишаста гуфт:




