Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

- Хуш омадед, ман ҳозир Шаҳнозро ҷеғ мезанам ва аз курсӣ бархоста лаҳзае пас аз меҳмонхона баромад.
Меҳмонхона андозаи шаш бар чор метр буда, бо гарнитури якранги хориҷӣ, ки ба ҷуз он ҷевони зебо, ки дар шакли дарози девори хонаро пурра ба зери тасарруфи хеш дароварда буд, бо мулоимкурсии дароз ва мизи на он қадар баланди ҳамранги мебели дар хона буда, ки дар пеши мулоимкурсии дарозрӯя ду мулоимкурсии миёна, ки дар ду тарафи миз ва шаш курсии хурд муҷаҳҳаз гардонида шуда буд.
Тирезаи хонаро ду қабат пардаи ҳариру зебое оро медод ва соҳибони ин маконро аз нурҳои офтоб ҳифз менамуд.
Дар он гарнитури зебо, ки аз чор як ҳиссаи меҳмонхонаро ба иҷора гирифта буд, паси оинаҳои шаффоф асбобҳои зебои аз фарфор сохташуда, китобҳо ва акси зебои зани ҷавоне ҳамроҳи марди ҳамсину солаш ба чашм мерасид. Шояд акси мазкур таърихи беш аз бистсола дошт, чунки ҷавонзан ҳамон нафаре буд, ки акнун бандаро гузошта барои ҷеғ задани Шаҳноз рафта буд.
Нафаре, ки то кунун нигоҳи ман болои аксаш буд, лаълии миёнае дар даст вориди меҳмонхона шуда, онро ба як гӯшаи миз гузошта гуфт: - Баъди воқеаҳои дирӯза таъби Шаҳноз чандон болида нест, вале шумо хавотир нашавед, вай ҳозир меояд. Сипас соҳибхона аз чойнике, ки ҳанӯз болои лаълӣ буд, чой рехта, аз рӯӣ таомули шарқиёна пиёларо ба сӯям дароз намуд.
-Беҳуда ташвиш кашидед.
-Рафту ҳодисаи дирӯза намешуд, ба гумон буд, ки шумо ба дари кулбаи мо ангушт занед, аз ин бармеояд, ки шумо бо розигии Оллоҳ таоло ба манзили мо қадам ранҷа фармудаед, модоме чунин аст, пас шумо меҳмонед. Меҳмон бошад, атои Худост, - гӯён соҳибхона яке аз тоқчаҳои он ҷевони бузургро кушода, чанд лаълиеро, ки меваи хушк ва шириниҳо доштанд гирифта, болои он мизе ки ман пасаш менишастам, гузошт.
-Аминам, ки Шаҳноз ҳодисаи дирӯзаро ба дил наздик қабул накардааст?




