Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ман ҳеҷ нафаҳмидаам, ки чаро қасд ба ҷони вай намудаанд, то кунун аз марги падараш ба худ наомадаем.
Шаҳнозҷон ҳеҷ марги падарро таҳаммул карда натавонист, ки натавонист. То ҷое, ки банда аз забони худи вай фаҳмидам, нафаре, ки ба ин амал даст задааст, таппончаро рост ба сӯяш равона намудааст. Шояд бо амри Худованд умраш боқӣ будасту тир хато рафтаст. Ба ростӣ, дишаб маро тамоман хоб набурд ва аз сару бар рӯзгори гузаштаи хешро пеши назар овардам. Афсӯс бар он хӯрдам, ки Худованд ба мо як писар надод. Дурусттараш, ман ду писар ҳам ба дунё овардам вале ҳардуяшон дар овони хурдӣ аз дунё гузаштанд. Аз зиндагии якҷояи мо ҳамин Шаҳнозҷон ба ёдгор монда.
-Мехостам андешаҳои хешро дар атрофи марги шавҳаратон баён мекардед.
-Ҳодисаи ба сари Зокир омадаро аз беэҳтиётии ронанда арзёбӣ намуданд. Ба кори Худованд дигар чӣ ҳам мегуфтам.
Ҳар кӣ бад карда бошад, ҳаволааш ба Худо. Шаҳноз бошад, то ҳоло бар он андеша аст, ки ҳодисаи ба сари падараш омада қасдона буд. Ҳарчанд ҷигарбандам ҳам бошад, ба андешаҳояш ҳамфикр нестам. Падари Шаҳноз марде буд, ки дар умраш пашаеро киш нагуфта, пас ки метавонад қасд ба ҷони чунин инсон намояд. Бовар намекунам, мефаҳмед, бовар намекунам, - ашки дар чашмонаш ҳалқазадаро бо як гӯшаи рӯймолаш пок карда истода гуфт соҳибхона.
-Аз ин бармеояд, ки аз лаҳзаи аввали содиршавии ҳодиса нигоҳи шумо ва ҷигарбандатон ба рафти ҳодиса якхела набуд.
-Ҳамин хел аст.
-Шаҳноз андешаҳои хешро бо чӣ асоснок мекунад?
-Шаҳноз чанд маротиба бандаро бовар кунонидан хост, ки ҳафтае пеш аз сар задани он ҳодисаи нохуш падараш ба вай гуфта будаст, ки танҳо ба хотири ӯ шуда кафшҳои падари дугонаашро то ҳанӯз пеши пояш нагузоштааст, вале агар падари Матлуба (дугонаи Шаҳноз) аз роҳи пешгирифтааш даст накашад, дигар вай хотири духтарашро ҳам нахоҳад дид.
Шуморо бовар мекунонам, ки дар байни ман ва Зокир ягон сири нуҳуфтае набуд , вале ӯ боре ҳам дар ин бора ба ман забон накушода буд.

пешина
аз 527
навбатӣ