Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд ин ҳама бофтаи хаёлоти Шаҳноз аст.
Ман аллакай ба шумо гуфтам, ки духтари бечора ҳеҷ марги падарро таҳаммул карда натавонист, ки натавонист. Аз ҳама кори бади Шаҳноз дар он аст, ки баъди марги падар ба синфи дигар гузашт, то Матлубаро набинад. Бечора духтарак чанд бор ҳамроҳи падараш ба ин ҷо омад, вале Шаҳноз рӯяшро нигоҳ накард. Соле пас аз ин ҳодиса онҳо аз ин маҳалла кӯчида рафтанд. Дигар ман ҳам дар бораи Матлуба ва аҳли оилаашон хабаре надорам.
-Падари Матлуба ки ва чӣ кора аст?
-Ӯро Руҳулло ном аст, марди беозорест, вале намедонам чаро Шаҳноз аз вай домонгир аст. Охир агар вай гуноҳе медошт, тафтишот оромаш мегузошт? Ронанда худ иқрор шуд, ки ҳодиса бо айби вай рух дод, пас агар чунин аст чӣ лозим дар нисбати нафари бегуноҳе андешаи бад намудан...
Мусоҳиби ман боз чизе гуфтан мехост, вале чун чашмаш ба духтараш, ки пеши дари меҳмонхона рост шуд, бархӯрд, ӯро барои вориди меҳмонхона шудан ҳидоят намуд.
Духтар салом дода пой ба остонаи меҳмонхона гузошт ва чун толибаи мактаби миёна пушти дар сарашро ба зер афканда хомӯш шуд.
-Шаҳнозҷон, ба ин ҷо гузар, амаки милисаат бо худат суҳбат кардан мехоҳад, - гӯён модар курсии хешро ба духтараш дода, бандаро бовар кунонид, ки Шаҳноз ба ҳамаи суолҳои беҷавоб мондаатон посух хоҳад гуфт. Чун соҳибхона дарро аз самти муқобил пӯшид, ман бори дигар худро ба мусоҳиби навам муаррифӣ намуда, мақсади ташрифамро низ дар ду сухан байён намудам.
-Дирӯз ман ҳамаашро ба ҳамкорони шумо гуфта додам, боз чӣ мехоҳед?
-Санҷиши аризаи шуморо ба зиммаи ман гузоштаанд ва то андозае банда аз ҳодисаи дирӯз ба сари шумо омада огоҳӣ дорам, вале бо ҳама ҷаҳду талош ман мақсаду мароми нафареро, ки қасд ба ҷони шумо намудааст, нафаҳмидам.
-Магар ба ҳаминаш ҳам ман гунаҳкорам?

пешина
аз 527
навбатӣ