Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Ман ин хел нагуфтам, вале шумо ҳам бояд маро фаҳмед, чунки ягон инсони солимақл ба чунин амал аз рӯӣ ҳавою ҳавас даст намезанад.
-Он ҷо ман танҳо набудам, ки шумо боварам накунед ё ҳамаи он амали содиршударо бофтаи хаёлотам пиндоред.
Чанд сол пеш ман андешаҳои хешро дар атрофи марги қиблагоҳам чи дар рафти тафтишот ва чи ҳангоми баррасӣ намудани он дар мурофиаи судӣ баён намудам, вале касе маро шунидан нахост. Алангаи оташро танҳо буттаи оташгирифта донад.
-Ташрифи банда низ ба хонадони шумо маҳз аз ҳамин хотир аст ва рафту агар шумо бо ман дар ин ҷо сӯҳбат кардан нахоҳед, ман маҷбур мешавам шуморо барои суҳбат ба коргоҳи хеш даъват намоям.
-Ман намедонам дар сари нафаре, ки дирӯз қасд ба ҷонам намуд, чӣ андешае ҳаст.
-То ба ин ҷо омадан ман ба парвандаи ҷиноие, ки се сол пештар мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, шинос шудам.
Бояд иқрор шавам: дар ҳуҷҷатҳои парвандаи баррасишуда ман хатоеро надидам, чунки аз оғоз то анҷом он аз беэҳтиётии ронанда ба риштаи тасвир кашида шудааст. Ба ҷуз ин, худи ронанда Файз Камол гуноҳро пурра ба зиммаи хеш гирифта.
-Пас маълум мешавад, ки нишондоди ман дар он парванда нест ё дурусттараш онро канда партофтанд.
-Баръакс, дар парванда нишододи шумо ҳаст ва ман онро на як, балки ду маротиба қироат намудам.
-Хуш ба кадом хулоса омадед ва аз нигоҳи шумо чаро суд нишондоди бандаро ба инобат нагирифт. Агар ҷавоби шумо бандаро қаноат кунонида натавонад, ба гумон аст суҳбати ҳозираи мо маҷрои муайяни хешро гирифта тавонад.
-Сараввал, лозим медонам ба қисми дуюми суолатон посух гӯям. Чун мебинам шумо ҳанӯз қонунро дар сатҳи лозимиаш дарк накардаед ва агар дарк мекардед, ҳаргиз ба ман чунин ултиматум намегузоштед. Новобаста ба ҳама посухҳои гуфтаи ман ба қисми аввали суолатон, шумо уҳдадор ҳастед, ки ба ҳар як суоли банда посух гӯед, чунки маро ба ин амал давлат ваколатдор намудааст. Дасти давлат бошад, ниҳоят дароз аст ва садҳо не, дурусттараш ҳазорон гарданшахҳоро ба зону шинонидааст ва ман намехоҳам ҳазору якумаш шумо бошед.




