Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафту бо сабабе суҳбат бо ман хушатон набошад, метавонед худи ҳозир ҳамин каломро ба забон оваред ё ба таври хаттӣ ба номи сардори идораи мо ариза нависед, то нафари дигаре аризаи дирӯзаи шуморо мавриди санҷиш қарор диҳад. Фаҳмо?
-Фаҳмидам.
-Яъне, мо метавонем суҳбатро давом диҳем?
-Албатта.

  • Пеш аз ба сари мақсад омадан, мехостам ба қисми аввали суолатон ҷавоб гӯям.
    -Гӯш мекунам.
    -Дар нишондоди таърихи беш аз сесоладоштаатон шумо ҳодисаи ба сари падаратон омадаро қасдона арзёбӣ намудаед, вале ҳамон суханони хешро бо далелҳо собит карда натавонистед, чунки ягон далел шуморо дар даст набудааст.
    Гуфтаед, ки падаратон ҳафтае пеш аз ин ҳодиса бо шумо оид ба пеши по гузоштани кафшҳои сармуҳосиб Руҳулло Ғаффор суҳбат намуда буд, вале шумо сабаби аслии ин амалро аз падаратон напурсидед. Дуюм, падаратонро на Руҳӯлло Ғаффор, балки ронандаи мошини “КАМАЗ” Файз Камол зер намуда. Дар нисбати вай бошад, шумо аз забони падаратон сухане нашунидаед ё гапам нодуруст?
    -Дуруст, чунки дар нисбати ронанда падарам сухане нагуфта буд.
    -Сеюм, нақшаи ба протоколи азназаргузаронии ҷой ҳодиса иловашуда худ шаҳодат аз он медиҳад, ки бе ду - се маротиба пешу қафо рафтан мошин аз дарвозаи ҳавлӣ баромада наметавонист. Чорум, чӣ дар ҳолати азназаргузаронии ҷой ҳодиса ва чӣ дар вақти гузаронидани санҷиши тафтишотӣ амале, ки бояд ронанда ҳангоми ба қафо бурдани мошин тариқи оина падари шуморо медид, тасдиқи хешро наёфт, пас чӣ тавр тафтишот метавонист ҳодисаи мазкурро қасдона арзёбӣ намояд. Ногуфта намонад, ки баъди бист дақиқа аъзоёни гурӯҳи фаврӣ тафтишоти аллакай дар ҷой ҳодиса буданд ва аз нигоҳи шумо (барои собит намудани он ки ҷиноят характери қасдона надошта бошад) ҳавлӣ ва автомошинро ба қавле сӯзанкоб намуданд, вале ягон далеле наёфтанд.
пешина
аз 527
навбатӣ