Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас дар офисе, ки падаратон сарвариашро ба душ дошт, ҳуҷҷатҳоро аз элак гузарониданд, вале бе натиҷа. Пас чӣ тавр суд метавонист суханони шуморо ҳангоми баррасӣ намудани парванда ба инобат гирад. Боқӣ ихтиёр шуморост, хоҳед суҳбат мекунем, нахоҳед ман худам бо гузориш ба сарвари милиса муроҷиат мекунам, то аризаи шуморо барои санҷиш ба нафари дигаре диҳад.
-Ман аллакай ба шумо бовар кардам, метавонед пурсишро давом диҳед.
-Чун нишондоди дирӯзаатон моро қонеъ карда натавонист, хоҳиш мекунам болои мизро (ман бо дастам ба ҳама лаълию лаъличаҳо ишора намудам) тоза намоед.
-Чӣ шумо аз ман хафа шудед?
-Не.
Пас чаро болои мизро рубӯчин мекардам? - Бо нимтабассум гуфт Шаҳнози Зокир.
-Чунки шумо бояд нишондоди мукаммали хешро бо иловаи саволҳои ман ва посухҳои додаи худ болои ҳамин миз нависед ё мехоҳед коғазҳоро болои зонуятон гузошта нависед?
-Оё имконият нест, ки гуфтаҳои маро шумо нависед?
-Ҳаст ва боз шуморо огоҳ мекунам, ки дар асоси қонун ман ин суҳбатро ба диктофон сабт мекунам, агар шумо болои мизро ба қавли худатон рубӯчин кардан нахоҳед, беҳтараш ман сабти овози шуморо гирифта меравам ва фардо субҳ шумо бояд ба милиса омада ба нишондодатон, ки аз рӯӣ сабти овозатон рӯӣбардор карда мешавад, шинос шуда имзо гузоред.
-Ҳаминаш беҳтар мешавад, - гӯён Шаҳнози Зокир аз чойники дар як гӯшаи миз буда ба пиёлае чой рехта, ба тарафи ман дароз кард. Ҳарчанд майли чойнӯши ҳам надоштам, вале ба хотири суҳбати дар пеш истода пиёлаи чойро аз дасташ гирифтам...
...6....
Аризаи Шаҳнози Зокир на танҳо фазои идораи моро ғуборолуд намуд, балки ба пӯстини сарназоратчии қонун низ кайкро сар дода буд. Агар чунин набудӣ, дар ин бевақтӣ Асад Ғанӣ асло ёди идораи мо намекард.

пешина
аз 527
навбатӣ