Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Дар замоне, ки баъди даву тозҳои зиёди рӯзона ман нияти ба хона рафтан доштам, ёрдамчии навбатдор ба дари дафтари кориам ангушт зада матлабашро чунин баён намуд: - Рафиқ капитан, сарвари идора амр дод, ки шумо бо тамоми ҳуҷҷатҳои дар атрофи аризаи дирӯза гирифтаатон ба наздаш дароед.
-Чӣ, магар ягон ҳодиса рӯх дод?
-Намедонам.
-Ҳамагӣ ним соат пеш ман бо ҳамаи он ҳуҷҷатҳои гуфтаатон дар назди эшон будам ва тайи ин муддати кӯтоҳ боз сардор чӣ тағиротеро ҷӯё шудааст?
-Беҳтараш шумо ба назди сардор равед, чунки прокурори ноҳия ҳам он ҷост, - гӯён ёрдамчии навбатдор бо ман худоҳофизӣ намуд.
Афсӯс бар он хӯрдам, ки баъди аз назди Ҳамид Ҷовид баромадан рост ба хона нарафтам, дар он сурат ба гумон буд эшон бандаро дубора ҷеғ занад ва, албатта, ӯ аз навбатдор дар куҷо будани маро пурсида, сипас ёрдамчии навбатдорро фиристодааст.
Дилу бедилон боз аз сейф ҳуҷҷатҳои гирдовардаамро дар атрофи аризаи Шаҳнози Зокир берун оварда варақаҳои бешуморро дар асоси талаботи сарвари идора, ки худ чун қонуни нонавишта иҷроиши он барои ҳайати шахсӣ ҳатмӣ буд ба тартиб оварда, онҳоро ба ҷузвдони коғазине гузошта, лаҳзае пас аз ошёнаи дуюм ба поён ҳаракат намудам...
-Домулло, шумо ҳеҷ ҳамин бачаи бобаро ором нагузоштед, ки нагузоштед,-баробари дидани ман ба тарафи Ҳамид Ҷовид нигариста гуфт Асад Ғанӣ, ки аз рӯйи эҳтиром ба Дарвоз ва дарвозиён чун ҳампешаи гузаштаи хеш бандаро бачаи боба мегуфт.
-“Дузди зӯр соҳиби говро бастааст” гуфтани мардум беҳуда набудааст. Охир ман арзи шуморо шунида гуфтам, ки капитани милиса ба хона рафтааст ва дар ин бевақтӣ даъвати вай зарурияте надорад. Ҳамзамон, ман гуфтам, ки худам метавонам шуморо бо ҳама ҷузъиёти аризаи Шаҳнози Зокир шинос намоям, вале шумо, Асад Ғаниевич, чӣ гуфтед?




