Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ман гуфтам, ки аз навбатдор дар куҷо будани бачаи бобаро пурсон шудам ва посух гирифтам, ки капитани милиса ҳанӯз дар дафтари кориаш. Сипас аз шумо, рафиқ полковник, хоҳиш намудам, ки хуб мешуд бачаи бобаро бо ҳама ҳуҷатҳояш ба ин ҷо даъват менамудед.
-Пас кадоме аз мо дар ташвиш додани капитани милиса бештар саҳм гузоштем?
-Медонед-чӣ, рафиқ полковник? - Ба тарафи сардори милиса нигариста пурсид Асад Ғанӣ.
Чӣ буд?
-Новобаста аз ҳама дуруштгӯиҳои бачаи боба ман суҳбати эшонро хуш дорам ва аминам, ки ӯро низ ғуборе аз ин амали мо дар дил нест ё гапам нодуруст, рафиқ капитан?
-Ҳақ ба ҷониби шумост, - гуфтам ман ва бо ишораи мусоҳибам аз пушти дар ба тарафи миз ҳаракат намуда, дар рӯ ба рӯӣ сарназоратчии қонун ба курсие нишаста ҳуҷҷатҳо ва диктофони бо худ овардаамро низ болои миз гузошта гӯш ба қимор шудам.
-Назари прокурори шаҳр ба ҳодисаҳои дирӯзаи дар ҳарду қабристон рухдода он аст, ҳарду амал иҷрои дасти як нафар аст. Дар ин бора андешаҳои шуморо донистан мехоҳам, рафиқ капитан, - гуфт прокурори ноҳия.
-Барои ба ин суоли шумо посух гуфтан моро хулосаи ташхиси баластикӣ лозим аст, вале чун аз ҷой ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омада на тир ва на патрони он ёфта гирифта нашудааст сари ин масъала сухане гуфтан мушкил аст.
-Оё дар ин амал ман гунаҳкорам ва чаро нафарони ба ҷой ҳодиса рафта баҳри ёфтани далелҳои шайъӣ кӯшише ба харҷ надоданд?
-Гумон намекунам, ки гурӯҳи фаврӣ - тафтишотии ба ҷой ҳодиса рафта сари ин масъала чораҷӯӣ накарда бошад.
-Пас канӣ натиҷа, ё гумон доред қотил нимаи дуюми тирро (патрон дар назар аст) баъди анҷоми амалиёташ гирифта бо худ бурдааст?
-Ҳаргиз чунин набудаст, рафиқ прокурор.

пешина
аз 527
навбатӣ