Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Пас сабаби наёфтани патронро шумо чӣ гуна шарҳ медиҳед? Чӣ магар онро замин фурӯ бурд ва ё бо лаълии парон вайро ба сайёраи дигар бурданд?
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ба ҷуз соҳиби гов дузд ҳам Худо мегӯяд ва агар дар аксари мавридҳо дуои соҳиби гов назди Офаридгор мустаҷоб гардад ҳам, баъзан бо амри тақдир бахт ба рӯйи дузд ҳам механдад. Ҳодисаи мазкур ба андешаи ман айнан чунин шакл гирифтааст.
-Далел?
-Ҳамагӣ ду соат пеш сари ин масъала ман низ мисли шумо андеша доштам ва гурӯҳи фаврӣ - тафтишотиро, ки дирӯз ба ҷои ҳодиса рафта буданд, дар хунукназарӣ ба касби хеш айбдор мешумурдам, вале баъди ба ҷой ҳодиса рафтан андешаҳои қалбиам 180 дараҷа тағйир ёфт.
-Сабабашро бо далелҳо шарҳ диҳед!
Ман дар байни ҳуҷҷатҳои бо худ овардаам протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва нақшаи ба протокол иловашударо гирифта, назди мусоҳибам гузошта, ба шарҳи он пардохтам:
-Мехостам шумо худ дурусттар ба нақшаи ҷойи ҳодиса таваҷҷуҳ менамудед. Аз рӯйи нақша аён аст, қотил тариқи мошине аз ҷои ҳодиса фирор намудаст, ки дар сайрхати якум ё аз тарафи рост ҳаракат менамудааст. Аз рӯӣи нишондоди ҷабрдида ва шоҳидон қотил ана дар ҳамин нуқтаи бо ҳарфи “С” ишора шуда таваққуф намуда, аз самти чап дурусттараш аз сари чанбарак, берун омада, ба тарафи қафои мошин ҳаракат намудаст ва дар замоне, ки касе чунин амалро интизор набудаст, ба тарафи Шаҳнози Зокир, ки лаҳзае пеш аз қабристони шаҳрӣ берун омадаст, тир холӣ намудаст. Аз рӯйи нишондоди шоҳидон бармеояд, ки тир қариб аз баногӯши духтар гузашта. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ роҳи автомобилгард аз саҳни роҳи пеши қабристон қариб якуним метр пасттар аст.
Дар чунин ҳолат барои нишонгир мушкилоте пеш меояд, чунки вай дигар дар шакли ростхата ҳадафро ба нишон гирифта наметавонад ва ӯро лозим меояд дар зери кунҷи муайяне қариб то 90 дараҷа мии тапончаро боло бардорад...




