Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Ҳарчанд чунин ҳолат барои нишонгир ноқулай аст, вале вай қулангро зер намудаст ва новобаста аз масофаи наздик ӯ тирро ба ҳадаф расонида натавонистаст ва ё шояд омилҳои объективӣ ва субъективии дигар садди роҳи ба ҳадаф расидани тир шудаанд. Чун кунҷи ҳаракати тир хеле баланд будааст ва дигар монеае садди роҳаш набаромадааст, аз эҳтимол дур нест, ки баъди тамом шудани суръаташ дар байни алафзори дохили қабристон наафтида бошад.
-Қабул, вале мо донистан мехостем, ки нимаи дуюми тир, ки бояд аз даричаи таппонча берун меомад, куҷо шуд? - пурсид прокурор.
-Чун ҷустуҷӯйҳои қаблӣ ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса бе натиҷа анҷомидаанд, эҳтимолияти ба ҷӯйи паҳлуи роҳ (ман дар нақша ба ҷӯйи болои лисон омада ишора намудам) афтидани онро низ набояд инкор намоем.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки нимаи дуюми тирро об бурд?
-Модоме, ки нимаи дуюми тир дар болои роҳи мумфарш ёфт нашудааст, пас эҳтимолияти ба ҷӯӣ об афтидани онро низ наметавон рад намуд.
-Пас чӣ бояд кард?
-Натиҷаи ташхиси баластикиро аз минтақаи Лучоб интизор шудан лозим.
-Ин ба мо чӣ медиҳад?
-Дар асл ҳеҷ, чунки мо худ ба ташхисгоҳ чизе нафиристодаем, ки онро бо тири аз минтақаи Луҷоб ёфта муқоиса намоянд, вале аз дигар самт умед бар он мебандем, ки маҳз ҳамон тир муаррификунандаи ҳолномаи нишонгир ё қотил мешавад.
-Файз Камол чӣ мегуяд?
-Лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шарифро ба беморхона фиристодем, вале то кунун барнагаштааст, - гуфт сардори милиса.
-Хеле бад аст, ки мо то кунун гиреҳе аз ин ду муаммо дар даст надорем, - изҳори таассуф намуда гуфт сарназоратчии қонун ва андешаҳои хешро чунин баён намуд: -Гумон мекунам бачаи боба ин диктофонро беҳуда бо худ наовардааст ва агар сабти овози Шаҳнози Зокирро дошта бошад...




