Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Ман диктофонро ба назди нафаре, ки хоҳиши шунидани овози ҷабрдидаро дошт, наздиктар гузошта тугмачаашро зер намудам.
...Ман Шаҳнози Зокир, истиқоматкунандаи кӯчаи “Наздисоҳили,” бинои 8/2, ҳуҷраи рақами 22, донишҷӯи бахши иқтисоди донишгоҳи...
-Дар асоси моддаҳои 351 ва 352-и Кодекси ҷинояти ҶТ шуморо барои надодан ё додани нишондоди бардурӯғ огоҳ менамоям.
-Гумон доред ҳодисаи дирӯза ин бофтаи хаёлоти ман аст?
-Ман ин хел нагуфтам.
-Пас он ҳама огоҳ намуданатонро сабаб чист?
-Ин талаботи қонун аст ва шумо бояд дарк намоед, ки надодан ё додани нишондоди бардурӯғ низ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
-Метавонед осуда бошед, чию чи, вале инашро ман мефаҳмам.
-Мехостам ҳодисаи дирӯзаро аз лаҳзаи аввали аз хона баромаданатон дақиқа ба дақиқа ба ёд биёред.
-Рафту агар ман мефаҳмидам, ки ба сарам чунин ҳодиса меояд, ҳар як қадамамро на аз рӯйи дақиқа, балки сония ба сония ба қайд мегирифтам. Танҳо ҳаминашро гуфта метавонам, ки субҳи дирӯз ҳам чун ҳама субҳҳои пешини ман, ки тайи беш аз се соли охир рангу таровати хешро баҳрам гум намудааст, оғоз шуд. Банда бо бархӯрдани аввалин нурҳои офтоб ба шишаи тиреза бедор шудам. Модарам аллакай ба кор рафта буд. Тановул намуда, аз хона баромадам. Чун дар ҷуфти якум дарс надоштем, аз гулфурӯши сари роҳ гулдастае харида, ба манзили хомӯшон рафтам, дурусттараш ба таксие нишаста то қабристони шаҳрӣ, ки аз маҳали ҷой зисти мо хеле дур аст, рафтам. Ба ронанда ҳисобӣ намуда, аз тарафи дарвозаи марказӣ вориди қабристон шудам ва баъди се - чор дақиқаи дигар аллакай дар сари манзили қиблагоҳам будам.
Гулдастаро сари манзилаш гузошта оётеро аз Каломи Раббонӣ қироат намуда, ба руҳу арвоҳи гузаштагони тамоми манзилгоҳ бахшида, даст ба дуо бардоштам. Боз чанд дақиқаи дигар бо руҳи қиблагоҳи бузургворам сари суҳбат қарор гирифтам.




