Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Сипас, ба самти дари баромадгоҳ ҳаракат намудам. Аз дарвоза баромада ба самти офтобнишин чанд қадаме гузошта будам, ки садои тормоз додани мошинеро шунида, лаҳзае дар ҷоям шах шуда истода, нигоҳамро ба ҳамон самт, яъне, самти роҳи калон дӯхтам. Аз дохили мошини дар паҳлуи роҳ истода ронанда берун омад. Чун дар роҳ қариб касе набуд, гумон намудам аз рӯйи ҳавою ҳавас бандаро ба нишастан таклиф мекунад. Ҳарчанд ман дар роҳрави баланд будам ва ронанда дар пастӣ ва ҳеҷ гоҳ ман аз баландие, ки баробари қади худам буд, ба осонӣ фаромада наметавонистам, вале ҳама кор баръакс шуд ва дидам, ки ронанда чӣ тавр тапончаро ба тарафи ман рост намуд. Ҳодиса ҳамон қадар тез рух дод, ки ман ҳатто имконияти садо баланд намудан наёфтам. Садои тирро шунида, ду нафари дар назди дарвоза буда ба ёриам шитофтанд ва сипас онҳо ба милиса занг заданд.
-Аз ҷой исти мошин то шумо чанд масофа буд?
-Тахминан даҳ–дувоздаҳ метр ва бояд гӯям, ки роҳи пиёдагард аз роҳи автомобилгард дар баландии якуним–ду метр қарор дорад.
-Пас вай ронанда чӣ гуна қотил будааст, ки дар чунин масофаи наздик тирро ба ҳадаф расонида натавонистааст?
-Инашро ман намедонам.
-Шояд ҳамаи инро сабабе ҳаст ва нафари қасд ба ҷони шумо намуда хостааст, ки...
-Чаро суханатонро буридед?
-Хостааст шуморо огоҳ намояд то дар он бора забони хеш нигоҳ дореду ба касе чизе нагӯед.
-Намедонам.
-Андеша намоед.
-Андешаи чӣ?
-Андешаи он, ки чунин амалҳо аз рӯӣ ҳавою ҳавас рух намедиҳанд ва ҳамеша дар зери чунин коса боз нимкосае ҳаст.
-Дишаб модарам ҳам сари ҳамин ҳодиса аз ман пурсон шуд, вале ба суолҳои вай ҳам посух дода натавонистам.
-Шояд ин ҳааро ягон пайвастагие бо ҳодисаи ба сари қиблагоҳатон омада бошад?




