Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Магар марги падарам барои онҳо нокифоя буд, ки боз қасд ба ҷони ман намуданд. Бояд ёдовар шавам, ки аз падар баҳри ману модарам ба ҷуз ғам дигар меросе боқӣ намондааст.
-Субҳи имрӯз банда бо парвандае, ки дар атрофи ҳодисаи ба сари қиблагоҳатон омада ва дар суд баррасӣ шуда буд, шинос шуда аз нишондодатон дарёфтам, ки марги падарро қасдона арзёбӣ намудаед.
-Дар асл чунин буд, вале чӣ илоҷ, ки на дар рафти тафтишоти пешакӣ ва на ҳангоми баррасии он дар суд касе ба суханони ман эътибор надод.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки шумо баҳри тасдиқи суханони хеш далеле пешниҳод карда натавонистед.
-Баҳс намекунам, вале мебоист худи тафтишот ин масъаларо мавриди таҳлили хеш қарор медод. Тафтишот ба мақсади осон намудани кори хеш ба гуноҳаш иқроршавии ронандаро кифоя шумурда ба нишондоди банда аз паси панҷа нигаристанд. Охир ман чӣ хел ҳодисаро қасдона арзёбӣ намекардам, модоме ҳафтае пеш аз сар задани он воқеаи мудҳиш аз забони падарам ҳамин суханонро шунида будам, ки то кунун он суханони падар дар гӯшам садо медиҳанду садо.
-Мехостам он каломро бе ягон рангу оби зиёдатӣ ба ёд меовардед.
-Шаҳнозҷон, танҳо ба хотири ту шуда то ҳанӯз кафшҳои падари дугонаатро пеши пояш нагузоштам ва агар падари Матлуба (собиқ дугонаам) аз роҳи пешгирифтааш даст накашад, дигар ман хотири туро ҳам нахоҳам кард.
-Пас чаро модаратон дар ин бора хабар надорад?
-Намедонам, шояд падарам лозим надонистааст ва ё нахостааст бори ғамро ба души ҳамсар биёрад.
-Чаро шумо ҳамон вақт ба модаратон дар ин бора сухане нагуфтед.
-Чунки маро волидайнам дар чунин руҳия тарбия намудаанд, то суханчин набошам ва ҳаргиз байни падару модарам ҳам ман қосид набудам. Падарам борҳо дар ҳузури модарам бандаро огоҳ намуда, ки духтарам агар дар куҷое гуфтанд, ки соате пас рафта Зокирро мекушем, зинҳору зинҳор ин хабарро ба хона набиёр. Шояд ин даъфа падарам мехост, ки тариқи ман Матлубаро ва тариқи Матлуба падарашро ба ҳуш оварад, вале мани нодону зудбовар аз рӯйи насиҳатҳои падар каломи ба забоновардаи қиблагоҳамро чун асрори дили эшон, ки баҳри ҷигарбандаш арзонӣ дошт, дар қалбам ҳифз намуда ва дар бораи он ба касе даҳон накушодам.




