Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Танҳо баъди марги падар ман суханони ӯро ба ёд оварда, аввал ба модар ва сипас ба мақомоти тафтишотию судӣ матлаби дар дил нуҳуфтаамро ошкор сохтам.
-Бори охирин кай Матлуба ва падари ӯро дидед?
-Пас аз марги падар ман ҳеҷ гоҳ дар ҳаваси дидори онҳо набудам, нестам ва нахоҳам буд.
-Шумо эҳсосотро ба як тараф гузошта ба суол ҷавоб диҳед.
-Чун онҳо аз маҳалаи мо кӯч баста рафтанд, ман дигар Матлубаро, ки замоне дугона будем, вонахӯрдам.
-Ба куҷо кӯч бастанашонро намедонед?
-Аз рӯйи шунидам онҳо ба маҳаллаи “Буни Ҳисорак” (ин маҳаллаест поёнтар аз Лучоб) кӯчида рафтаанд. Ҳа, дарвоқеъ, падарашро як ё якуним моҳ пештар дидам. Вохӯрӣ ниҳоят тасодуфӣ буд ва мо ногаҳон рӯ ба рӯ омадем. Ӯ маро дида қадаммониашро суст кард, шояд чизе гуфтан мехост, вале ман ба вай заррае аҳмият надода гузашта рафтам.
-Шумо дар куҷо рӯ ба рӯ омадед?
-Дар паҳлуи боғи ҳайвонот, дар он лаҳзаҳо ман аз самти донишгоҳи миллӣ ба тарафи кӯпуруки калони наздикии “Кӯли ҷавонон” ҳаракат доштам, вай бошад, баръакс ба самти донишгоҳ рафт. Ба хона омада ин “хушхабар”-ро ба гӯши модарам расонидам ва модарам гуфт, ки аз рӯйи шунидаш оилаи онҳо дар ҳамон самт ҳавлӣ харидаанд.
-Кори хуб накардед.
-Нафаҳмидам.
-Аз рӯи одоб ва ақли инсонӣ бояд лаҳзае ҳам бошад, шумо вайро гӯш мекардед.
-Ҳаминаш намерасид, ки ман бо қотили падари хеш сари суҳбат қарор гирам.




