Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Кинаю адоват ҳаргиз инсонро ба роҳи рост ҳидоят намекунад.
-Гумон доред, ки ман инро намефаҳмам, вале манзуратон бод, ки танҳо буттаи оташгирифта месӯзад.
-То кунун хунро бо хун касе нашустааст, хунро аслан бо об мешӯянд ва инсонро танҳо бо ақл шинохтаанд, андеша намоед.
-Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки қиблагоҳам беасос кафшҳои Руҳулло Ғаффорро пеши пояш гузоштанӣ набуд, аз ҳамин лиҳоз то қиёмат ман аз вай домангирам ва таманнои онро дорам, ки духтарашро дар ҳоли бадтар аз худ бубинам.
-Аҳволи Матлубахон дар ҳамин шабу рӯз аз ҳоли шумо бадтар аст.
-Чӣ хел бадтар?
-Чунки дуои шумо мустаҷоб шуд.
-Дуои ман?
-Бале, дуои шумо, чунки аз ҳама беш шумо дугонаатонро дар ҳоли бадтар аз худ дидан мехостед ва акнун падари вай ҳам бо дунёи фонӣ падруд гуфт, акнун андеша намоед, ки ӯро чӣ рӯзе ба сар омада.
-Вай бемор будааст?
-Не.
-Пас ба вай чӣ шудааст?
-Касе вайро сари як тир намудааст.
-Кай дар куҷо?
-Дирӯз дар ҳамин шаҳр.
-Чӣ шумо аз ман гумонбаред?
-Чӣ гӯям?
-Росташро.
-То ҷое ман фаҳмидам, аз ҳама беш марги эшонро шумо мехостед.
-Ман танҳо дар ҳақи вай ва боз он ронанда дуои бад мекардам, вале ин маънои онро надорад, ки мани муштипар, ки худ дирӯз бо амри тасодуф зинда мондам, ба чунин як ҷинояти мудҳиш даст зада бошам.
-Шояд дуои шумо мустаҷоб гашта бошад?

пешина
аз 527
навбатӣ