Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Агар бо дуо амалеро анҷом дода мешуд, ҳоло сабзаи сари гӯри Калашников6 панҷоҳ – шаст маротиба сабзидаву боз хушк мешуд, вале эшон баъди панҷ – шаш сол ба сини мубораки сад қадам мениҳаду то ҳанӯз кору фаъолият дорад.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки Михаил Тимофеевич баҳри ҳимояи марзу буми кишвараш, ки мо низ замоне шомили он будем, чунин яроқи индувидуалиро ихтироъ намуд ва беш аз шаст сол аст, ки касе дар ҷаҳон дар он поя яроқ ихтироъ накардааст, пас чӣ тавр метавонад дуо дар нисбати ӯ мустаҷоб гардад. Дар нисбати Руҳулло Ғаффор бошад кор тамоман дигар аст, чун ӯро шумо қотили падари хеш медонед ё гапам нодуруст?
-Дуруст.
-Пас чӣ ҷой афсӯсу надомат, модоме ки хостагии дили шумо шуд?
-Дар ҳақиқат, ҳақ ба ҷониби шумост, рост гуфтаанд, ки ҳеҷ кишт бе дарав намондааст ва гумон мекунам ӯ ҳам киштаи хеш гирифт.
-Эй душмани ман зи мурданам шод мабош, Не дӯстӣ ман монаду, не душмани ман
-К чему клоните?
-Ҳамин хел дар омади гап гуфтам.
-Тарзе сухан мегӯед, ки гӯё ӯро ман кушта бошам.
-Рафту бегуноҳ бошед, ба дил наздик нагиред.
-Чӣ хел рафту бегуноҳ бошам? Умуман андеша карда баъд сухан гӯед. Магар дарду доғи дили ман кам аст, ки боз шумо бо суханони нешдори худ қалбамро шикофтан мехоҳед?
-Маро чунин тарбия намуданд.
-Тарбия намуданд, ки дили муъминеро озурда созед?
-Қиблагоҳи банда ҳамеша таъқид мекунад, ки...
-Таъқид мекунад, ки чӣ?
-Домулло мегӯяд, ки “Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон”...
6 Калашников Михаил Тимофеевич, конструктори рус, нафаре, ки автомати
АКМ-ро ихтироъ намудааст ва то ба имрӯз дар ҷаҳон шумораи истеҳсоли он
беш аз 100000000 (сад миллион) –ро ташкил медиҳад -Боз чӣ?




