Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Эшон қимати суханро аз ҳама боло медонад ва ҳамеша ба мо гӯшрас мекунад, ки ҳаргиз алфози дурӯғро ба забон нагирем.
-Ба фикрам, падаратон қадам бардоштаву шумо қадам гузоштаед.
-Баҳс намекунам, чунки ба андешаи мардуми кӯҳистон “агар кола вози хованд наравад, ҳаромист.”7
-Рафиқ полковник, суҳбат бо бачаи боба барои ман ҳамеша гуворост, - гуфт Асад Ғанӣ ва диктофонро, ки сабташ анҷом ёфта буд, хомӯш кард...
...7...
Новобаста аз нигоҳу ақидаи прокурори шаҳр, аз хоҳишҳои Асад Ғанӣ ва ҳама ҷаҳду талошҳои мо ҳодисаҳои ба сари Шаҳнози Зокир ва Руҳулло Ғаффор омадаро сари як парванда гирд овардан нашуд, ки нашуд...
-Мисли оне,ки...
-Оби ширин бо оби шӯр омехта намешавад.
“-Гумон дорӣ, ки ин кашфиёти худат ҳаст!” нидо омад аз қалбам.
“-Саҳнаи зиндагӣ чун саҳнаи театр ҳаст, ки қисме дар он бозингару дигарон тамошобинанд. Дар ин саҳна банда аз тамошобине беш набудам.” “-Яъне, ин кашфиёти худат нест?” “-Нест.” “-Пас чаро бе далел сухан мегӯӣ, шояд обҳои гуфтаат ҳам омехта шаванд.” “-Намешаванд, ин аллакай исбот шудааст.” “-Капитан шуда то ҳанӯз бе далел сухан мегӯӣ. Оё намедонӣ, ки бе далел сухан асар надорад,” - ба ҳуҷум гузашт қалби ба шӯр омадаам.
“-Сараввал он ки бо ҳам омехта нашунидани оби ширину шӯр дар Каломи Раббонӣ омада.” “-Худат хондӣ?” “-Не.”

7 Ба маънои агар “писар ба падараш монанд набошад” омадааст.

пешина
аз 527
навбатӣ