Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

“-Яъне, ки шунидӣ?”
“-Ҳа.”
“-Шунидан кай бувад монанди дидан ва агар худат онро
мехондӣ албатта, барои собит намудани суханат далели
шайъӣ меовардӣ.”
“-Марде аз ҳамин ҳисоб ба Ислом гаравид.”
“-Хуш он марди нектолеъ, кӣ будааст?”
“-Жан Жак Ив Кусто.”
“-Эшон бо худат ҳамсуҳбат шуд?”
“-Не, вале вай ҷаҳониёнро бо гуфтаҳои дар Каломи
Раббонӣ омада шинос кард.”
“-Ҳоло ҳамин хел гӯй.”
“-Ҳа, ҳамин хел.”
“-Пас номи вай дар сархати нафаронест, ки ба дини
Муҳаммади Мустафо (с) имон овардаанд?”
“-На.”
“-Аз ин бармеояд, ки номи эшон дар хати охирини он
дафтар сабт шудааст?”
“-Дар ин ҷода Ив Кусторо наметавон на дар сархати
дафтар ва на дар охири дафтар номнавис кард, чунки то вай
ва баъди эшон ҳам ҳазорон нафар намояндагони динҳои
дигар Исломро пазируфтаанд.”
“-Дар аввал набошад, дар охири дафтар барои сабти
номи эшон ҷой ёфт нашуд, аз ин бармеояд ки ӯ бо ҳама
хизматҳояш дар аъроф монда.”
“-Ҷойи Кусто аслан чун тозагуле дар байни дафтар аст ва
ҳамаи инро сабаб як аст.”
“-Шояд рӯшантар андешаҳоятонро баён намоед?”
“-Кошифи наботот ва ҳайвоноти баҳрӣ Жан Жак Ив
Кусто дар зери баҳри Миёназамин ҷараёни оберо мушоҳида
намудааст, ки қисме ширин ва қисмате шӯр. Ӯ ин ҳолатро дар
масофаи бузурги ҷараёни об мавриди таҳлил қарор додааст,
вале ҳеҷ омехташавии оби шӯрро бо оби ширин мушоҳида
накардааст... Сабаби ба дини мубини Ислом гаравидани
Кусто низ ҳамин аст, чунки вай саҳнаи ҳамин манзараро
чандин сол қабл дар китоби муқадаси Ислом, “Қуръони
Маҷид” хонда будааст...”




