Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Ба дар касе ангушт зад ва мавҷи хаёлоти банда аз зери Баҳри Миёназамин аз паҳлуи ҷараёни обҳои бо ҳам омехтанашуда бурун омад ва ман лаҳзае нафасамро рост карда, гулӯ рушан намудам:
-Марҳамат, дар кушода.
-Рафиқ капитан, ҷеғ зада будед?-дарро кушода пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдурашиди Шариф.
-Бале, мехостам шуморо ба бенатиҷа анҷом ёфтани ҳама ҷаҳду талошҳоямон дар се рӯзи охир шинос намоям.
-Ман медонам.
-Чиро?
-Ҳамонро, ки байни ҳодисаҳои дирӯза пайвастагие нест, дурусттараш дар айни вақт пайвастагие нест.
“-Ҳофиз манаму бародарам мехонад.”
-Бародарат ҳофизи хуб ҳам набошад, вале аз жанрҳои мусиқӣ огоҳ аст.
-Пас чаро ҳамин амали одиро Асад Ғанӣ ва патрони шаҳрияш нафаҳмиданд?
-Асад Ғанӣ фаҳмид, вале ба хотири патронаш аз хулосабарории пешакӣ худдорӣ кард.
-Эшон ба хотири патронаш аз гуфтани ҳақиқат худдорӣ кард ва мо аз даву тозҳои беамал хуни ҷигар шудем.
-Рафиқ капитан, “прав тот у кого больше прав.”
-Ин қонунӣ зиндагист.
-Қонунӣ зиндагӣ?
-Бале.
-Зиндагӣ чун саҳнаи театр аст: ҷойҳои хуб дар он бештар насиби одамони бад мешавад.8
-Аён аст аз шикасти ранги мо вазъи парешонӣ, Чӣ лозим шона кардан турраи ошуфтаҳолиро.9
-Набошад рафтем.
-Ба куҷо?
8 Сухан аз Пифагор.
9 Сухан аз Бедил.




