Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Ба хона, дар ин бевақтӣ дигар ба куҷо ҳам мерафтем, - гуфт Абдурашид, ки дар санҷаи дар буд, ҷисми хешро ба қафо гирифта афзуд:
- Рафиқ капитан, шуморо дар берун интизор мешавам.
Дар ҳоле, ки мусоҳибамро бо нигоҳ гусел мекардам, чашмам ба соати болои дар афтод. Ақрабаки соат 2240дақиқаро нишон медод. Чун шаби гузашта ҳам ба хона нарафта будам, коғазҳои дар болои мизи кориам бударо ғундошта ба ғалладони он гузоштам. Сипас аз ҷой бархеста, чароғро хомӯш намуда, дарро аз самти муқобил пӯшида, аз зинаҳо ба поён рафтам...
Ба дерии вақт нигоҳ накарда ман ҳамроҳи Абдурашиди Шариф дар кӯчаҳои шаҳр хело қадам задам.
Соате пас ба хона омадам. Ба ҷуз ҳамсарам дигарон ҳама дар хоби ноз буданд...
...8...
Чу ӯзве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор.
Рафту агар парвозҳои хаёлии бандаро ба инобат нагирем, шаб ба қавле ором гузашт. Ё шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки дишаб ман ниҳоят дер ба хона омадам.
Абдурашидро намедонам, вале новобаста аз ҳама даву тозҳои дирӯза тамоми шаб қариб мижа таҳ накардам. Шояд сабаби ҳамаи ин ҳамон тахассуси касбиам буд, ки гоҳе пиёдаву гаҳе савора ғамҳои идораро низ бо худ ба хона меовардам...
Нек буд ё бад, акнун идораи мо, ки банда низ тайи солиёни зиёде як узви ҷудонашавандаи он будам, ба ҳар як тори мӯйи Шаҳнози Зокир ва Файз Камол ҷавобгар буд.
Худо накардаву...
Ҳарчанд то кунун ман Файз Камолро, ки бо амри тасодуф муваққатан сокини беморхона гашта буд, надида бошам ҳам, вале амри тақдирро дар нисбати эшон саривақтӣ ва мусби арзёбӣ намудам. Шояд Худованди азза ва ҷалла ӯро худаш аз даву тоз ва саргардониҳои минбаъда озод кард. Рафту агар Файз Камол ба беморхона намеафтид, тафтишот ӯро дар ду ҷинояти вазнин гумонбар мешуд, вале хурӯҷи бемории кӯррӯда дар зинаи аввали корҳои ҷустуҷӯию оперативӣ сояро аз болои собиқ ронанда бардошт.




