Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

«Не было бы счастья, да несчастья помогло» гуфтани бародарони рус низ эҳтимол барои чунин ҳолатҳо гуфта шуда бошад.
Аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи Абдурашиди Шариф алибии эшонро бо табар ҳам бурида намешуд, вале ин маънои онро надошт, ки мо орому осуда шавем. Ҳодисаҳои дар атрофи ду қабристони шаҳрӣ рухдода ҳарчанд аз нигоҳи қонун ҳодисаҳои алоҳида арзёбӣ шуда бошанд ҳам, вале аз нигоҳи мантиқ дар онҳо як пайвастагие ба назар мерасид ва бо ҳам омехта шудани ин ду ҳодиса тобеъ ба вақт буд...
Маҳз ҳамин пайвастагӣ дар ҳамин шаби тор дар байни чор девори бетонӣ, ки ба ҷуз хӯроккашии паст-пасти Умеда дигар чизе онро халалдор намекард, ба торҳои дили ман нохун зад...
Худо накардаву...
Гӯё ман болои бистари мулоим не, балки ҳамроҳи ёру дӯстон дар клуби деҳа ба курсиҳои мулоим такя намуда, интизори оғози филми нави бадеӣ будем. Мо, ки ба ивази бист тини барориши соли 1961 вориди клуб гашта будем, бо доду вой ва ҳуштаккашии хеш ба ивази он тангаи додаамон киномеханикро маҷбур намудем, ки...
Дар экран, ки аз матои сафеди андозааш 3 бар 2 метр буд аксе намудор гашт, вале чун чароғ ҳанӯз фурӯзон буд, касе дод зад: - Сапожник!10 Бечора киномеханик, ки ҳамсинну соли мо буду ба ҷой падараш мехост ба мо хизмат расонад, шояд баҳри хомӯш намудани чароғ шитобид ва аз саросемагӣ пояш ба ноқилҳои паҳну парешон бархӯрда афтид ва на танҳо чароғ, балки акси дар экран буда ҳам, нопадид гашт ва мо ҳама дар оғӯши зулмот мондем.
Сапожник! Сапожник!
Дишаб ба ҷой он аксе, ки мо дар клуби деҳа дида будем, симои Шаҳнози Зокир, ҳамон духтараки лоғарандому ба гуфти худаш муштипар пеши назарам падидор шуд...
10 Сапожник –музадӯз, ба маънои ноуҳдабаро дар касби хеш омада.




