Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар он хилватгаҳи хомӯшу торик ҳам ӯ бегуноҳии хешро собит намудан хост.
Ман танҳо дар ҳақи вай ва он ронанда дуои бад мекардам, вале ин маънои онро надорад, ки мани муштипар, ки худ дирӯз бо амри тасодуф зинда мондам, ба чунин як ҷинояти мудҳиш даст зада бошам.
-Шояд дуоятон мустаҷоб шуд?
-Агар бо дуо амалеро...
-Хоҳиш мекунам ба вай нарас.
-Ба кӣ?
-Ба Михаил Тимофеевич.
-Метарсед, ки ӯро ҳам дуои мардум мегирад?
-Мурдан амри ҳақ аст ва касеро аз он роҳи гурез нест.
-Пас чӣ ҷой гила?
-Охир на ман, балки шумо аз дигарон домангиред.
-Ман...
-Байни ин ду ҳодиса пайвастагие нест, дурусттараш дар айни вақт нест.
-Чаро дар айни вақт?
-Бо кӣ суҳбат дорӣ? - пурсид Умеда, ки шояд аз суханони ман бедор шуда буд.
Ман хомӯш будаму хомӯш.
-Бечора мардак ҳазён мегӯяд? - гуфт Умеда ва кӯрпаро каме ба сӯӣ худ кашид.
Қарибиҳои субҳ каме ғанабам бурд, вале ҳамсарам аз рӯйи одат ва ё шояд барои посух гирифтан ба суоли хеш ба кор рафтанамро баҳона карда, маро бедор намуд.
-Соат ҳафт шуд, мабодо аз кор дер намонӣ? - дасташро ба китфам гузошта гуфт модари Расул.
Ҳарчанд мардум бар он ақидаанд, пеш аз оне ки сари субҳ чашм кушода аз хоб мехезӣ, аввал андеша намо, ки дирӯз чӣ хидмате ба мардум кардӣ, вале ин субҳ банда ҳамин имкониятро ҳам наёфтам, чунки баробари чашм кушодан қомати зебои ҳамсарамро чун аломати хитоб болои сарам дидам.
Ба дерии вақт нигоҳ накарда Расулу модараш маро ба сари дастурхон бурданд.

пешина
аз 527
навбатӣ