Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ба мактаб рафтани Расул ҳамсарам хабар дод, ки дишаб ман ҳазён гуфтам.
-Бовар намекунам.
-Ихтиёрат, вале беҳтар мешуд, ки барвақттар ба хона меомадед ва бо фарзандонат каме ҳам бошад, суҳбат мекардед.
-Кӯшиш мекунам, - гуён ман аз сари дастурхон бархестам.
-Ин оҳангро ман борҳо шунидаам, вале...
-Ман чӣ донистам, ки баъд аз шеъри Иқбол ин замон, “Нозанине чун ту мехезад ба истиқболи ман.”11
-Барои ҳамин роҳи хонаро қариб фаромуш намудаед.
-Чӣ хел фаромуш?
-Ду шаб пештар наомади, шаби гузашта қариб соатҳои дувоздаҳ омадӣ ва агар ҳамин забонат набошад, гург аз почакат мегирад.
-Бар сари қисмат ду мушти баъди ҷанг ҳастем мо, Бо кӣ бошад ин ҳама ҷанги туву ҷанҷоли ман...12
-Бо ту дигар, бо кӣ ҳам мешуд, оё андешаи фарзандонатро намекунӣ? - Падар шуда аққалан боре ба мактаб рафтӣ?
Оғози субҳ ҳам нек буд, агар...
Умеда болои ғаму дардҳои идора боз намак намепошид, вале мақоли халқии “дӯст гӯяд табарвор”-ро ба ёд оварда аз дар баромадам...
...9...
Новобаста аз он, ки аз рӯйи ҳодисаи дар минтақаи Лучоб рухдода прокуратураи ноҳияи ҳамсоя парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд, вале таваҷҷуҳи гурӯҳи фаврӣ-тафтишотие, ки банда низ шомили он будам, дар ин самт ба гӯшаи фаромӯшӣ нарафт, ки нарафт...
Сарвари гурӯҳи тафтишотӣ муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз, ки ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омадаро чун сӯйқасд ба ҳаёт ва саломатӣ арзёбӣ намуда, парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда буд, ҳарду ҳодисаро, ки дар як рӯз дар ду гӯшаи шаҳр рух дода буданд, ҳалқаҳои як занҷир номид.

11 Сухан аз Ато Мирхоҷаи Неру.
12 Сухан аз Ато Мирхоҷаи Неру.

пешина
аз 527
навбатӣ