Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд дар зинаи аввал тафтишот далелҳои кофиро ба даст оварда натавонист ва ҳарду ҳодиса мавриди алоҳидаи баҳс қарор гирифтанд, аз нигоҳи мантиқ онҳо ду ҳалқаи як шаддаанд ва санҷиши яктарафа ба гумон аст натиҷае диҳад.
-Муҳтарам, муфаттиш, оё гуфтанӣ нестед, ки даву тозро дар атрофи марги Руҳулло Ғаффор мо ба души хеш гирем? - пурсид Абдурашиди Шариф.
-Не, албатта, вале хуб мешуд, ки мо дар ҳамкорӣ бо гуруҳӣ фаврӣ - тафтишотии ноҳияи ҳамсоя, ки аз рӯӣ ҳодисаи мазкур тафтишот бурда истодаанд, сари ин қазия майна об мекардем.
-Яъне, кори хешро гузошта...
-Агар шумо чунин андеша доред, ба гумон аст, ки мо имсол ба дастоварде ноил шавем.
-Чаро имсол? Модоме қонун барои санҷиши парванда ҳамагӣ ду моҳ вақт ҷудо намудааст ва боз...
-Мардуми ориф бар он назаранд, ки обро бину мӯза каш ва рафту шумо ҳодисаи дар минтақаи Лучоб рухдодаро мадди назар намоед, моро ба ҷуз дар намак хобондани парвандаи дар истеҳсолот будаамон, дигар чорае намемонад,-ба баҳси беохир нуқта гузоштанӣ шуда гуфт муфаттиш.
-Чӣ хуб аст, ки шумо ҳам чун ман андеша меронед, ё гапам нодуруст рафиқ капитан? - ба тарафи ман нигариста пурсид нафаре, ки тайи даҳ дақиқаи охир бо муфаттиш сари баҳс қарор дошт.
-“Байни ин ду ҳодиса пайвастагие нест, дурусттараш дар айни вақт нест,”- ба ёд овардам ман суханони як рӯз пеш гуфтаи Абдурашиди Шарифро, ки шаби гузашта сабабгори андешаҳои мухталифи ҳамсарам, дар атрофи ҳарзагӯйиҳои ман гардида буд, ба ёд оварда ба муфаттиш кафолат додам, ки шогирди банда низ чун худи вай андеша дорад ва ҳарчӣ эшон гуфт, баҳри мустаҳкам кардани назарияи хеш гуфт.
Назарияи шумо ба кадом самт равона шудааст? - пурсид муфаттиш.
-Ҳарчанд ба шумо ҳамақида нестам, дурусттараш айни ҳол ҳамақида нестам, вале аз рӯй эҳтиром фикри аксариятро ҷонибдорӣ мекунам.

пешина
аз 527
навбатӣ