Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҷонибдорӣ накарда ҳам бубинед, - бо табассуми малеҳи хеш шикасти бандаро пазируфта гуфт муфаттиш.
-Инаш рост, модоме ки шогирди банда низ бо шумо ҳамақида аст, ман роҳи дигареро дар ин самт надида истодаам.
-Ба хотири оне, ки шумо низ бо мо ҳамақида гардед, агар бипазиред, андешаҳоямро баён намоям, дар акси ҳол бод кардани он маъние надорад, - нигоҳашро ба фарш дӯхта гуфт муфаттиш.

  • Ман ҳеҷ гоҳ сайди ҳанӯз дар кӯҳ бударо хаёлан ҳам пӯст накандаам ва агар лозим донед, андешаҳои хешро баён намоед, дар акси ҳол мо аз рӯйи нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ, ки сарвари идораамон онро тасдиқ намудааст, аз пайи кор мешавем.
    -Чун роҳбари гурӯҳи тафтишотӣ намехоҳам шуморо дидаю дониста ба иҷрои коре, ки танҳо вақтро мегираду анҷомаш аён нест, сафарбар намоям. Шадда танҳо дар замоне зебост, ки он пеши бари хонумеро оро диҳад, ва барои ин чӣ лозим?
    -Ҳангоми онро ба гардани зебосанаме овехтан ҳарду тарафи онро пайвастан, - посух дод Абдурашиди Шариф.
    -Дуруст, вале барои пайвастани он бояд ҳалқаҳояш кофӣ бошанд, вагарна шаддаи нопураро чӣ тавр метавон ба гардани зебосанаме овехт. Дар ҳодисае, ки мо низ баҳри кушоданаш дасту остин барзадаем, ҳалқаҳо нокифояанд ва рафту агар мо ҳодисаи дар минтақаи Лучоб рухдодаро сарфи назар намоем, он ҳалқаҳое, ки дар даст дорем, ҳаргиз шаддаи бутунро ташкил нахоҳанд кард...
    -Аз ҳамин лаҳза ҳисоб намоед, ки банда низ бо шумо ҳамақидаам, - муфаттишро ором намуда гуфтам ман.
    -Миннатпазирам.
    -Намеарзад.
    -Модоме нигоҳи мо акнун хатти буришро дар як нуқта мегузарад, умед бар он мебандем, ки дар оғози кори якҷояамон шумо, рафиқ капитан, миссияи дипломатиро ба душ мегиред.
    -Оё гуфтанӣ нестед, ки ман санҷиши ҳодисаи мазкурро аз самти Лучоб ба душ бигирам.
пешина
аз 527
навбатӣ