Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

-Дуруст фаҳмидед, вале ман хоҳони он нестам, ки шумо санҷиши ҳодисаи ба сари собиқ сармуҳосиби ҶДММ “Шаҳноз”-ро аз сифр оғоз намоед.
-Пас агар чунин аст, хуб мешуд дар асоси ваколатҳои хеш аз нигоҳи қонун бо нишон додани ҳолатҳои кор ба номи сарвари идораи мо супориши ҷудогона мефиристодед.
-Бе ин намешавад?
-Намешавад.
-Чаро?
-Чунки прокуратураи ноҳияи ҳамсоя аз рӯӣ ҳодисаи куштор, мо бошем аз рӯӣ ҳодисаи сӯиқасд ба ҳаёт ва саломатӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намудаем ва рафту онҳо дар ин бора дастоварде дошта бошанд, ҳаргиз луқмаи тайёри хешро ба дигаре нахоҳанд дод.
-Чун ҳарду ҳодисаро тасодуфи арзёбӣ намуданд ва сарфи назар намудани пайвастагии онҳо бархилофи қонун аст, гумон намекунам, ки прокуратураи ноҳияи ҳамсоя ҳам ба дастоварде ноил шавад ва агар чунин аст, онҳо низ ба мададу кумаки мо ниёз доранд, вале чун шумо супориши расмиро интизоред, то нимаи дуюми рӯз ман онро ба суроғаи шумо хоҳам фиристод.
-Самти кори рафиқ капитан аён шуд, вале ман чӣ кор кунам? - пурсид Абдурашиди Шариф.
-Ману шумо, рафиқ лейтенанти калон, дар атрофи ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омада майна об хоҳем кард.
Хуб мешуд, агар шумо шоҳидони ҳодисаи мазкурро ба прокуратура меовардед ва аз эҳтимол дур нест, ки мо ҳарду якҷоя ба аёдати Файз Камол наравем. Ба фикрам, аз рӯйи нақшаи минималӣ барои ду рӯзи оянда ҳаминаш кофист.
...10...
-Хоҳиш мекунам гирифтани мактубро аз хотир набароред,
- ҳангоми ба маҷлиси назди сардор шитобиданам маро дар миёнсарои ошёнаи якуми бино дида гуфт котиба.
-Хуб шудааст.
-Аминам, - гӯён котиба хайрухушро нася гузошта, аз пай кораш рафт.




