Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди анҷоми маҷлиси пагоҳирӯзӣ сарвари ШКД ҳам сари масъалае, ки зикраш дар боло рафт, бандаро огоҳ намуда, супориш дод, ки ҷиддан аз пайи иҷрои он шавам.
-Хуб шудааст, - гӯён ман ҳамроҳи дигар афсарон дафтари кории Ҳамид Ҷовидро тарк намудам...
Тахминан соатҳои даҳ ман бо мактуби расмии прокуратураи ноҳияи Сарчашма ба бинои прокуратураи ноҳияи Сино ворид шудам.
Матлабамро ба навбатдор баён намудам ва ӯ маро ба ошёнаи дуюм фиристод.
Аз зинаҳо рост ба миёнсарои васеву барҳавои ошёнаи дуюм баромадам, ки аслан биноро ба ду қисм-чап ва рост ҷудо мекард. Чун ман аллакай оид ба дар кадом самт ҷоигир будани дафтари кории Амин Зариф аз навбатдор дастур гирифта будам, баробари пой ба остонаи ошёнаи дуюм гузоштан ба самти чап тоб хӯрдам ва дар рӯ ба рӯйи даре, ки вазифа ва ному насаби муфаттиш аккосӣ шуда буд, таваққуф намудам.
Лаҳзае пушти дар нафасамро рост намуда, сипас ба дар ангушт задам, вале...
Ҳамааш бенатиҷа, касе аз дохил гулӯ рӯшан накард ва чун ман майли кушодани он намудам, боз ҳам тирам хок хӯрд...
Ба хотири гирифтани посух ба суоли хеш ба дари шафт ҳам ангушт задам...
-Беҳуда худро азоб надиҳед, - аз самти рости долони дарозрӯя овоз рӯшан намуд марди тахминан 45-50-солае, ки ҳамроҳи бонуи дар паҳлуяш нишаста суҳбат дошт.
-Ҳеҷ нафаҳмидам, ки ин мардум дар куҷоянд?
-Дар куҷо мешуд, дар маҷлис, вале ҳеҷ не, ки ин маҷлиси зормонда ба охир расад, мо беш аз як соат интизорӣ дорем, - бо овози баланд арзи дил намуд мусоҳиби дар тарафи дигари миёнсароӣ истода.
Ман оҳиста - оҳиста ба тарафи миёнсарой қадам зада, ба самти рости долони дарозрӯя гузашта, бо чанд нафари дар он ҷо интизоридошта салом додам ва ғайриихтиёр муваққатан ҳам бошад, иҷоранишини яке аз курсиҳо гаштам... Ба курсӣ такя намуда, рӯзномаи аз дӯкони сари роҳ гирифтаамро кушода, чашм ба он дӯхтам. Тайи муддате, ки банда аз хабарҳои сиёсии дунё воқиф гардидам, духтари паричеҳрае аз ҳозирин дар куҷо будани Амин Зарифро пурсон шуд ва ман нигоҳамро аз рӯзнома канда ба сӯяш дӯхтам.

пешина
аз 527
навбатӣ