Духтар дар либоси сиёҳ буд ва ҳамин либос худ шаҳодатгари фоҷиаи бузурге... Ӯро на беш аз бист сол умр буд ва чашмони маҳзунаш синну солашро ба толибаи мактаби миёна монанд намуда буд. Ба таври дигар, дар рӯ ба рӯи мо нафаре бо дарду ғами зиндагӣ, ки дасти шахшӯли ҳаёт ба сараш гузошта буд, рост меистод.
Ҷавоне, ки паҳлуи ман меистод, филфавр аз ҷояш хест ва курсиро ба духтари ба қавле мусибатзада пешниҳод кард, вале вай баъди ба ягона суоли хеш посух гирифтан ташаккургӯён, боз ба самти чапи долони дарозрӯя рафт...
-Бечора духтар, чӣ рӯзи сахте ба сараш омада бошад? - бо овози на чандон баланд гуфт марде, ки дар куҷо будани Амин Зарифро медонист ва ба қавле миссияи огоҳкуниро ба зимма гирифта буд.
-Кӣ медонад? - ба суоли ҳампаҳлуяш посух гуфт намояндаи ҷинси латифе, ки паҳлуи сухангӯ менишаст.
Духтари пероҳани сиёҳпӯш дар рӯ ба рӯи дари муфаттиш Амин Зариф қарор гирифт, ҳарчанд дар он тараф ҳам чанд курсие барои осоиши нафарони ба прокуратура даъватшуда гузошта шуда буд, вале духтар ҳатто майли нишастан накард.
-Ҳеҷ гумон надоштам, ки ба ин ҷо ин қадар мардумон зиёд меоянд, - гулӯ рӯшан намуд ҳампаҳлуи ман, - ҳамон нафаре, ки курсиашро ба духтар пешниҳод намудан хост.
-Ҳар кӣ бо коре ба ин ҷо ташриф меорад, корат наафтад, касеро парвои ин даргоҳ нест, - ба суоли ҳампаҳлуи ман посух гуфт намояндаи ҷинси латиф, ки аллакай як маротиба ҳамдардии хешро иброз намуда буд.
-Кошкӣ касе муҳтоҷи ин даргоҳ намешуд, - хулосаи хеш иброз намуд мусоҳиби он бонуи курсиро ба иҷора гирифта.
Дари охирини тарафи рости долони дарозрӯя кушода шуд ва нафарони дар либоси низомӣбуда аз он берун омаданд.
-Бубахшед, ки шуморо ташвиш додем, - моро дида андешаҳои хешро баён намуда гуфт нафаре аз низомипӯшон, ки аз дигарон дар синну сол хурдтар буд.





