Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6
АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 47 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Бузургӣ дар синну сол набудааст, бародар - ба сӯйи ман нигариста гуфт мусоҳиби аввалинам ва боз суханашро давом дода гуфт: - Дидед дигаронашон ҳатто саломи моро алейк нагирифтанд, шояд гумон намуданд, ки мо чун по ба дари ин идора ниҳодем, бегуноҳ нестем. Кибру ғурурашонро дидед, - боз шон ҳомии қонун будаанд садқаи ҳамин вазифа шаванд...
-Аҳамият надиҳед, амак, - гуфтам ман эшонро тасалло дода ва сипас ба тарафи дигари долони дарозрӯя қадам задам.
Ҳамагӣ чанд, қадам то дафтари кории Амин Зариф монда буд, ки ҳамон духтари пероҳани сиёҳпӯш вориди он гашт.
Лаҳзае дер кардам,
Дер мондам аз қатор.
Он духтари аламзада аллакай дар ҳузури муфаттиш буд ва ман чун ҳама мусофирони аз сафар дермонда дар перон танҳо, нигоҳамро аз паси он қатораи рафтаистода дӯхта, вале...
Қатора рафт...
Дар як дақиқа.
Нафаре, ки ҳангоми нӯшидани шир сӯхтааст, дуғро пуфпуф карда менӯшад ва ман ҳам ба хотири гирифтани навбат курсиеро гирифта, дар рӯ ба рӯӣ дафтари кории муфаттиш Амин Зариф нишастам...
Мегӯянд асои хуб аз рафиқи номуносиб беҳтар аст ва рӯзномаи бо худ овардаам имрӯз дар лаҳзаҳои интизорӣ мусоҳибам гашт. Чӣ қадар вақт гузашт намедонам, вале чанд саҳифаи он рӯзномаро пурра мутоила намудам...
Дар кушода шуду он олиҳаи пероҳани сиёҳпӯш берун омада, маро пушти дар, дурусттараш дар рӯ ба рӯи даре, ки худ аз он ҷо берун омада буд, дида гуфт:
-Акаҷон, бубахшед, ки ман бе навбат...
-Боке нест.
-Ба ҳар ҳол кор хуб нашуд, - гӯён духтар бо ман худоҳофизӣ намуда, лаҳзае пас аз зинаҳо ба поён рафт...
Духтар бо ғаму андӯҳи хеш, аз рӯйи пероҳани дар бар кардааш ман ӯро чунин дарёфтам, аз зинаҳо ба поён рафт, вале тук-туки кафшҳои пошнабаландаш чун садои мусиқии ҳазин ба торҳои қалбам нохун мезаду нохун...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан