Он олиҳаи рафтаро чӣ дарде дар замир буд, ман нафаҳмидам, вале аён буд, ки бе асос ҳаргиз ӯ пой ба остонаи ин бино намегузошт, ё кӣ медонад...
Кам нестанд, ҳолатҳое, ки пирро тарси аҷал ва навҷавонеро хатову иштибоҳ ба ин ҷо меорад.
Чун аз курсӣ бархоставу ба он долони дарозрӯя чашм дӯхтам, касеро надидам, мисли оне ки замин кафидаву ҳамаро фурӯ бурда бошад.
Қадаме ба пеш гузошта тайи як соати охир дубора ба дар ангушт задам ва баробари шунидани овози соҳибмулк дарро кушодам.
-Марҳамат гузаред, - гӯфт нафаре, ки болои мизаш пур аз коғаз буд.
Ман бо ишораи эшон ба курсие нишаста, сипас аз ҷузвдони чармини дар дастам буда номаи расмии бо худ овардаамро бароварда, ба сӯяш дароз намудам.
Муфаттиш дигар каломе ба забон наоварда, ба қироати нома пардохт.
Тайи он муддате, ки Амин Зариф саргарми қироати нома буд, банда имкон пайдо намудам ба вай ва дафтари кориаш дурусттар назар афканам.
Коғазҳои паҳну парешон, хокистардони булӯрини дар як гӯшаи миз гузошта шуда худ шаҳодатгари он буданд, ки соҳиби дафтари корӣ ба тартибу низоми ягона чандон таваҷҷуҳ надорад...
-Ба гумон аст, ки ман ба шумо ёрие расонида тавонам, - гуфт нафаре ки номаро аллакай қироат намуда буд.
-Мақсади ташрифи банда...
-Ҳамаашро фаҳмидам, - суханамро дар даҳонам кушта гуфт муфаттиш, ки шояд худро сояи Худо дар замин медонист.
-Аминам, ки шумо ягон чизро нафаҳмидед.
-Ман?
-Дигар кӣ ҳам мешуд?
-Ба андешаи шумо ман чиро нафаҳмидам?





