Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6
АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 49 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Шумо то кунун нафаҳмидед, ки қувваи мушт дар муттаҳидии ангуштон аст ва агар мо чунин намешуморидем ман асло ба ин ҷо ташриф намеовардам.
-Яъне, шумо бо мо ҳамкорӣ кардан мехоҳед ва ё...
-Ё ҳар ду...
-Рафту агар далелҳои мӯътамаде дар даст дошта бошед, ки ҳарду ҷиноят кори дасти як нафар аст, пас чаро прокуратураи ноҳияатон талаб карда ин парвандаро нагирифт.
-Афсӯс, чунин далелҳо то кунун моро дар даст нест. Вале мутмаинам, агар мо ҳама аз як гиребон сар барорем, ҳалли ин муаммо чандон мушкил намешавад.
-Дар пеши даҳон кӯтал нест ва ман муфаттиши прокуратура мушовири адлияи дараҷаи дуюм Амин Зариф инро ҳамчун дӯст ба шумо мегӯям, ки тайи ин чанд рӯз на шумо ва на моро дар ин самт дастоварде нест. Шуморо намедонам, вале мо то кунун сабабҳои аслии ба чунин як ҷинояти вазнин даст задани қотилро намедонем. Лаҳзае пеш дар назди ман духтари Руҳулло Ғаффор буд ва ӯ низ андешаҳои заминиро монда, ба осмон чанг андохтанӣ шуда, бандаро бовар кунонидан мехост, ки дар марги падараш ба ҷуз дугонааш Шаҳнози Зокир дигар касе даст надорад. Дар тамоми умри хеш пешниҳоди аз ин бемаънитареро нашунидаам.
-Шояд духтар ҳақ бошад?
-Чӣ хел ҳақ ё гумон доред, ки баъди рух додани ҳодиса мо дастҳоро болои ҳам монда истироҳат намудем.
-Ҳоло гуфтед, ки дар ин самт дастоварде надоред.
-Ин маънои онро надорад, ки мо тамоман кор накардем.
Гӯш кунед, рафик...
-Капитан.
-Рафиқ капитан, ба фикрам, шумо на ба он дараҷа гӯлу гумроҳед, ки сараввал ман андеша намудам. Манзуратон бод, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса мо гилза (патрони холӣ)-ро дар масофаи 28 метр дуртар аз мақтул ёфтем, ҳол он ки нафари қасд ба ҷони ҷабрдидаи шумо намуда, тирро дар масофаи 12-14 метр ба нишон расонида натавонистааст. Маро фаҳмидед!

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан