Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 50 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 50 аз 527 · 2 ноябри 2026

-На он қадар.
-Маълум, ки тамоман бум-бум будаед.
-Инкор намекунам, вале хуб мешуд, андешаҳоятонро шарҳ медодед, ки чаро ба суханони он олиҳаи дар пероҳани сиёҳ буда бовар накардед?
-Тафтишот кори ҳар бегу дег нест, бародар. Барои ба чунин корҳо сарфаҳм рафтан дониши хуби касби доштан лозим, то дар таҳлили ҳодисаҳои рухдода дарнамонӣ ва чӣ хеле аллакай ман гуфтам, гилза аз мақтул дар масофаи бисту ҳашт метр ёфт шуд ва мо ҳар қадар кӯшидем наздикшавии қотилро ба мақтул муайян карда натавонистем. Маълум, ки киллер професионал будааст ва професионал ба хатто кардан ҳақ надорад ва агар ҳарду ҳодиса кори дасти як қотил мешуд, тири дигараш ҳам ба нишон мерасид. Охир худатон як маротиба андеша намоед, нафаре, ки якдона тирро дар масофаи 28 метр ба пешонаи нафаре ҷо ба ҷо намудааст, чӣ тавр дар чунин як масофаи хурд ба хато роҳ додааст ё шумо гумон доред, ки қотил худи ҳамон духтар аст?
-Чаро не, модоме, ки вай Руҳуулло Ғаффорро қотили падари хеш медонад ва ба қавле эшонро чашми дидан надошт.
-Ба ростӣ, ман ҳайронам, ки чӣ хел шумо бо чунин андешаронӣ то ба гирифтани рутбаи капитани милиса расидед. Рафту агар роҳбари сахтгиру серталаб мешуд, барои чунин андешарониҳои хому хатала кайҳо кафшҳоятонро пеши поятон мегузошт. Чӣ, прокурори шаҳр баробари шумо намедонад ва эшон бо унвони генералӣ дар ин ду ҳодиса пайвастагиеро надиду шумо онро дарёфтед.
-Ман худам ҳам ҳайронам, вале манзуратон бод, то замоне, ки “через” ҳаст, касе пишаки моро пишт гуфта наметавонад.
-Агар андешарониҳоятон чунин бошад, дер ё зуд мақомоти тафтишотӣ аз болоятон пешниҳодот ирсол менамояд ва шумо он кафшҳоро, албатта, мепӯшед. Агар ҳамроҳи ман дар як гурӯҳи тафтишотӣ мебудед, ман ин амалро ба таъхир намеандохтам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан